БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ АСОСИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

АНДЕША. Баъди гузаронидани чораву тадбирҳои зиддиэпидемикӣ авҷи бемории коронавирус коҳиш ёфтааст. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватанӣ таъмини сохторҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо таҷҳизоту лавозимотҳои тиббӣ, либосҳои худмуҳофизатӣ, маводҳои доруворӣ, сатҳу сифати хизматрасонии тиббии аҳолӣ хубтару беҳтар гардидааст. Корҳои безарагардонӣ, оммафаҳмонӣ чорабиниҳое буданд, ки дар паст намудани сатҳи беморӣ  ва нест шудани он дар кишвар мусоидат намуданд. Вале, дубора бақайд гирифтани он дар кишвар боиси нигаронӣ мебошад. Бояд дар хотир дошт, ки бемории коронавирус аз як манбаъ сар зада дар як муддати кӯтоҳ ба тамоми кишварҳои сайёра паҳн гардид. Ин  моро водор месозад, ки то ба охирин ҳодисаи бақайдгирии ин беморӣ қоидаву талаботҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя намоем. Дар пешгирии ин беморӣ истифодаи ниқоби тиббӣ хело муҳим ва зарур аст. Мутахассисон дар он ақида мебошанд, ки ниқоби тиббӣ барои шахси бемор ҷиҳати паҳн накардани вирус ба шахсони солим ва  ба муҳити атроф нақши асосиро мебозад. Ва бубинед, ки тибқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи олимони сатҳи ҷаҳонӣ 85 фоизи гирифторони ин беморӣ бе ягон аломатҳо бемориро мегузаронанд. Аммо ҳамчун манбаи беморӣ аз худ ин вирусро хориҷ мекунанд. Аз нуқтаи назари эпидемиологӣ маҳз ҳамин қабил шахсон барои паҳн намудани бемории коронавирус хавфи калон доранд. Чунки онҳо  худро солим ҳис мекунанд ва дар бозору мағозаҳо, ҷойҳои ҷаъмиятӣ озодона гаштугузор мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз, имрӯз истифодаи ниқоби тиббӣ барои ҳамаи шаҳрвандони хурд ва калон, бемор ва солим ҳатмист.

Мутаассифона имрӯз баъзе аз шаҳрвандон хилофи қоидаву талаботҳои беҳдоштӣ дар бозорҳо, мағоза, кӯчаҳо, нақлиётҳои ҷамъиятӣ бе истифодаи ниқобҳои тиббӣ гашту гузор мекунанд, ки боиси паҳн гаштани ин беморӣ дар байни аҳолӣ  мебошад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз дар якҷоягӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда истодаанд. Боварӣ ҳаст, ки ин бемории даҳшатовар низ бо ақли солими  ҷомеаи ҷаҳонӣ  маҳв мегардад. Имрӯз  дар кишвар  ситоди доимамалкунанда фаъолият мекунад, ки ҳамаи идораву ташкилоту муассисаҳо баҳри пешгирии ин беморӣ фаъолият намуда истодаанд. Пешгирӣ аз сироятёбии коронавирус кори танҳо соҳаи тандурустӣ набуда, фаъолияти сарҷамъонаро талаб мекунад.

Риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин беморӣ мебошад.  Шустани дастон бо собун муҳимтарин роҳи пешгирӣ аз коронавирус аст. Чунки истифодаи маҳлулҳои спиртдор ё шустани дастон бо собун вирусро  нобуд мегардонад.

Аз ин лиҳоз зарур аст, ки мунтазам дастонро бо маҳлулҳои спиртдор, безараргардонидашуда ё бо собун шӯем.  Пеш аз ҳама шустани дастон бо собун  ва ё маҳлулҳои безараргардондашуда қабл аз тайёр намудани хӯрок; истеъмоли ғизо; нигоҳубин ва аёдати бемор; баъд аз сулфа ва атса задан; пас аз қазои ҳоҷат ва дар ҳама ҳолатҳое, ки  дастон ифлос мегарданд.    

Давомнокии шустани дастон бояд 20-30 сонияро ташкил диҳад. Ҳангоми сулфа ва атса задан  даҳон ва бинии худро бо рӯймолча ё оринҷи қатъшуда  пӯшонед. Ҳатман рӯймолчаро  ба қуттии  партови   сарпӯшдор  партоед ва дастонро  бо маҳлули  спиртдор ва ё бо собун шуед. Пӯшидани даҳону бинӣ ҳангоми сулфа  ва атса задан  ба паҳн шудани  вирусҳо ва дигар микробҳои  касалиовар  монеа мешавад. Агар ҳангоми сулфа ё атса задан даҳон ва биниро  бо даст напӯшонед, микробҳо ба ашёҳо  ва ё ба одамоне, ки шумо бо онҳо дастфишурӣ  мекунед, мегузарад.

Инчунин, одамоне, ки нишонаҳои шамолхӯрӣ ва зуком  доранд, бояд фосилаи иҷтимоиро дар масофаи на кам аз 1 метр байни ҳам нигоҳ доранд. Аз он хотир, ки ҳангоми сулфа ё атса задан  одаме, ки бемории сироятии роҳҳои нафас дорад, дар атрофи худ  қатраҳои  хурди вирусро   паҳн мекунад.  Агар шумо дар масофаи наздик бо ин шахс қарор дошта бошед,  ҳангоми нафас кашидан метавонед аз ин вирус сироят ёбед. Ҳангоми доштани таби баланд, сулфа ва душворшавии нафаскашӣ  аз сафар худдорӣ намоед. Инчунин агар таби баланд, сулфа, душворшавии нафаскаширо  мушоҳида  намудед, аз ниқоби  яккарата  истифода бурда, ҳатман ба духтури оилавӣ ё духтури минтақаи худ муроҷиат намоед.

Дар баробари ин риояи гигиенаи шахсӣ хело зарур аст. Аз чорабиниҳое, ки ба ҷамъшавии  одамони зиёд сабаб мешавад, дурӣ ҷӯед. Напартофтани рӯймолчаву ниқобҳо дар қади кӯчаҳо, аз носкашӣ ва тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ намоед. Саломи дастӣ ва ба оғӯш гирифтан,  якдигарро бӯсидан қаътиян манъ аст. Дар тӯю маъракаҳо аз сачоқ ва косаву табақи умумӣ истифода бурда нашавад.

Дар даромадгоҳҳои ҳамаи идораву ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷу донишкада, донишгоҳҳо, бозорҳо, нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ гузоштани  монегии дезинфиксионӣ  зарур мебошад. Дар вақти рӯбучин  ҳатман аз моддаҳои хлордор истифода бурдан зарур аст. Ҳамзамон, ба таври васеъ бурдани корҳои дезинфексионӣ хело муҳим мебошад.

Аз хариди маводҳои  ғизоие, ки  дар ҷойҳои ба талаботҳои санитарӣ ҷавобгӯ нестанд, шубҳанок  ва кафолати бехатарӣ надоранд, худдорӣ кардан зарур аст.

Ҳаким Худойбердиев, раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳаёти солим” аз шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg