БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ЯКЕ АЗ РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар кӯчаю маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Панҷ аксияи тақсимоти муроҷиатнома оид ба пешгирии ба профилактикаи вируси COVID-19 ба роҳ монда шуд.

Дар аксия мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насима ва намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Балхиёрова Охирамо иштирок доштанд.

Ҳамзамон,  дар раванди баргузории аксия аз ҷониби масъулин бо усули “Хона ба хона” ба сокинон 300 адад маводҳои иттилоотӣ  оид ба пешгирӣ ва профилактикаи КОВИД-19 дастрас карда шуда, инчунин барои самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва умуман заминҳои корам ба сокинон маслиҳатҳои муфид дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg