БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

07 Апрел 2021

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО РАИСОН ВА КОТИБОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

А.ҶОМӢ. Дар ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  бо  иштироки  раиси  Кумитаи  иҷроияи ноҳиявии ҳизб Муҳаммаддовуд Ҳалимзода ва муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ Назокат Қосимова  семинари омӯзишӣ  барои  раисон  ва  котибони  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳудуди  ноҳия  баргузор  гардид.

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ-“ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҲАРАКАТИ ҲИЗБӢ”

А.ҶОМӢ. Дар ҷамоати деҳоти  Яккатути нохияи Абдураҳмони Ҷомӣ, таҳти  раёсати  раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ  Муҳаммаддовуд  Ҳалимзода ва раиси ҷамоати деҳоти Яккатут Акбар Буриев, бо иштироки роҳбарон ва котибони ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба маҳалли зисти  ҳудуди  ҷамоати мазкур  семинари омӯзишӣ  баргузор гардид.

СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ БО МАҚСАДИ ТАКМИЛИ ДОНИШИ СИЁСӢ

А.ҶОМӢ. Дирӯз бо иштироки котибон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Калинин аз ҷониби Ҳоким Раҳимова мудири шуъбаи  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,  семинар – машварати дастурдиҳӣ тибқи дастурамали (Роҳнамо), ки аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои ташкилотҳои ибтидоӣ бо мақсади таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ таҳия

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ БО РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

А.ҶОМӢ. Имрӯз санаи 06.04.2021 бо рохбарии масъулини ҳизбӣ Назокат Қосимова-муовини раис-мудири шуъбаи кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ ва Абдурашид Қурбонов-мудири шуъбаи молияи Кумитаи Иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ ба раисони ташкилотхои ибтидоии хизбӣ оид ба маҳалли зисти қаламрави ҷамоатҳои деҳоти Қ.Ғиёсов ва 50 солагии Тоҷикистон семинарии омӯзишӣ гузаронида шуд.

РУШДИ ДЕҲОТ ИН РУШДИ ВАТАН АСТ!

ҶАЙҲУН. Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмири роҳҳои кӯчаҳои деҳаву маҳали ноҳияи Ҷайҳун оғоз ёфт.

МАРҲИЛАҲО ВА ИМКОНИЯТҲОИ ВОҚЕИИ РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

АНДЕША.  Дар Тоҷикистон, яке аз соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар, ки солҳои охир босуръат рушд карда истодааст, соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад.

МАҶЛИСИ РАЁСАТ БО БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ АНҶОМ ЁФТ

ҲАМАДОНӢ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷорияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Санифа Тағаймуродзода, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, собиқадорони ҳизб ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

ИСТИФОДАИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ БА МАНФИАТИ МОСТ

ФАРХОР. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.

ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

ФАРХОР. Дар назди бинои Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Фархор маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳияи Фархор Раҳматзода Рустам Мирзо баргузор гардид.

МАҶЛИСИ РАЁСАТ БАРГУЗОР ГАРДИД

ФАРХОР. Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор гардид.

ДАР МАҶЛИСИ РАЁСАТ ВАЗИФАҲОИ НАВБАТӢ МУАЙЯН ГАРДИД

ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

ИЗЗАТ АМОН - САРХАТИ МИНБАРҲОИ ИЗДИҲОМИ НАҲЗАТ

ВОКУНИШ. Иззат Амон кист ва чаро имрӯз дар сархати минбарҳои издиҳоми наҳзат қарор дорад?

ТАРҒИБИ ИСТИФОДАБАРИИ ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ МИЁНИ ҶАВОНОН

НОРАК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо ҷавонону наврасон дар мавзӯи “Фарҳанги истифодабарии технологиҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои  иҷтимоӣ”  вохӯрӣ доир гардид.

САФИ ҲИЗБ АЗ ҲИСОБИ ЗИЁИЁН АФЗУН МЕГАРДАД

Н. ХУСРАВ.  Бо  мақсади  зиёд  намудани  сафи  ҳизб  аз  ҳисоби кормандони  сохтори  тандурустӣ  масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  кормандони  беморхонаи  №1 ноҳия  хониши  сиёсӣ  дар  мавзӯи   «Роҳу  усулҳои  амалӣ  намудани  корҳои  тарғиботӣ оид ба  ҷалби  ҷонибдорон  ба  аъзогии  ҳизб» баргузор  намуданд.

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ ДАР МУЪМИНОБОД

МУЪМИНОБОД. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод семинар-машварати дастурдиҳӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоии деҳаву маҳаллаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба аҳамиятнокӣ ва роҳу усулҳои  татбиқи  аксияҳои ҳизбӣ бо  роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин  Абдусалимзода баргузор гардид.

ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГӢ ОМӮЗ...

ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади баргузории вохӯрию мулоқотҳо байни таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба рукнҳои таълиму тарбия ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ҷамоати деҳоти Ваҳдат вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид.  

БО НАТИҶАҲОИ ХУБ МАҶЛИС ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии бахши «Фарҳанг» бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва аъзои фаъоли ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти семоҳаи якуми соли 2021 баргузор гардид.

БА НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ХУД ОВОЗ МЕДИҲЕМ

ДӮСТӢ. Дар вохӯрии мазкур аъзои Ситод ва гурӯҳи таблиғотии пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Ҷалолиддини Балхӣ-30” Одиназода Ҳуснигулро ба иштирокдорон муаррифӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки дар интихобот фаъолона ширкат варзида,  

ВОХӮРИИ ВАКИЛОН БО СОКИНОН

ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Шаҳдрез"-и Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ, А. Ҷалолов суҳбату вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карда шуд.

ҚОНУНИ ТАНЗИМ БА ХОТИРИ ОБОДИВУ ОСУДАГӢ ВА ЗИНДАГИИ ПУРСАОДАТИ ҲАМВАТАНОН

АНДЕША.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” қабул гардид, ки  ин танзимро  ягона воситаи аз байн бурдани зиёдаравиҳо медонистанд.Таҷриба нишон дод, ки  қабули ин қонун ва дар ҳаёт пайваста татбиқ шудани он рӯзгори мардумро беҳ кард, назари нав ба биниши нав, расму оинҳо ва маъракаҳои хонаводагӣ ба танзими дуруст дароварда шуд.

ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ХУБ АРЗЁБӢ ГАРДИД

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил”-и ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.

ПАЁМ – РОҲНАМО ВА РОҲКУШОИ МИЛЛАТ

ВОСЕЪ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти А.Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо иштироки гурӯҳи корӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

ҲАР, КИ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР...

«Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

ХАРҶ АГАР АЗ КИСАИ ДИГАРОН БУВАД…

ВОКУНИШ.  Таи чанд рӯзи охир сархатҳои шабакаҳои иҷтимоиро, ки гурӯҳҳои ифротӣ аз онҳо истифода мебаранд, хабари боздошт намудани Иззат Амон фаро гирифтааст. Иззат Амон сӯистифода аз шаҳрвандии Федератсияи Россия бо роҳи фиреб муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба доми найранги худ кашида, як қисми маблағҳои бо арақи ҷабин ба даст овардаашонро аз они худ кардааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg