
ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Шаҳдрез"-и Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ, А. Ҷалолов суҳбату вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карда шуд.
Зимни суҳбату вохӯрӣ вобаста ба самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рушди соҳаи чорводорию замбури асалпарварӣ ибрози андеша карда, ҳозиринро ба ватандӯстӣ, меҳнати содиқона ва ҷалби ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намуданд.
Дар охири маҷлис, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Ҷалолов А, ба сухан баромада, барои иҷрои корҳои ободонӣ, саҳм гузоштан дар сангфарш кардани роҳи деҳа ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо фаъолони деҳаро даъват намуд.