
Н. ХУСРАВ. Бо мақсади зиёд намудани сафи ҳизб аз ҳисоби кормандони сохтори тандурустӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо кормандони беморхонаи №1 ноҳия хониши сиёсӣ дар мавзӯи «Роҳу усулҳои амалӣ намудани корҳои тарғиботӣ оид ба ҷалби ҷонибдорон ба аъзогии ҳизб» баргузор намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроия Ализода Сураё баромад намуда, қайд кард, ки узвият ба ҳизби сиёсӣ нишони садоқат ба Ватан ва давлат буда, ба ҳар шаҳрванд мақоми сиёсӣ дода, ба ӯ ҷиҳати иштирок ва саҳмгузории бевосита дар идоракунии муносибатҳои давлатӣ имконият фароҳам меорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби пешоҳанги ҷомеа буда, дар байни мардум ҳамчун ҳизби халқӣ маъруфу машҳур мебошад. Қабул ба сафи ҳизб тибқи талаботи банди 2 –и Оинномаи ҳизб ва санадҳои дигари дохилиидоравӣ ба роҳ монда мешавад. Оид ба тартиби қабули узвият ба ҳизб, тартиби бақайдгирии узви ҳизб, ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои ҳизб, қатъ гардонидани узвият ва хориҷ кардани аъзои ҳизб, тартиби боздоштани узвият дар ҳизбро ба кормандони беморхона фаҳмонида бо мисолҳои аниқ шарҳу тавзеҳ дод.
Дар байни кормандон ва масъулин оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо усули саволу ҷавоб суҳбатҳо баргузор гардид.