БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ БА МАНФИАТИ МОСТ

ФАРХОР. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.

Масъулин ҳангоми суҳбат бо сокинон иброз доштанд, ки дар ҳама фасли сол дар баъзе манотиқи вилоят сокинон заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, махсусан дар фасли зимистон ба сардиҳо нигоҳ накарда, дар зери плёнкаҳо ва гармхонаҳои хурд ҳама намуди сабзавотро кишт менамоянд. Ҳамзамон, ба сокинон гуфта шуд, ки  ҳар ваҷаб заминро хуб ва самаранок истифода намуда, ба ин васила зиндагии худ ва бозорҳои ноҳияро бо сабзавоти тару тозаи ватанӣ таъмин менамоянд.

Ҳамзамон, зимни суҳбат бо сардорони оилаҳо аҳамияти сарфакорона истифодабарии неруи барқро низ шаҳр дода, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки маблағи ҳаққи истифодаи неруи барқро сари вақт супоранд.

Инчунин, вобаста ба пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ аз он ҷумла коронавирус ба аҳолӣ варақаҳои тарғиботӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg