БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРҲИЛАҲО ВА ИМКОНИЯТҲОИ ВОҚЕИИ РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

АНДЕША.  Дар Тоҷикистон, яке аз соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар, ки солҳои охир босуръат рушд карда истодааст, соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Дар идомаи иқдомҳои пайгиронаву созанда, бо мақсади рушди бештари соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷкмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд. Дар дунё кам нестанд кишварҳое, ки бо рушди ин ду соҳа иқтисодиёташон пеш рафта, сатҳи зиндагии мардумро беҳбуд бахшидаанд. Аз қабили Туркия, Миср, Фаронса, Индонезия, Филиппин, Юнон ва дигар кишварҳо. Тоҷикистони бо табиати биҳиштосо, манзараҳои дилрабо, боду ҳавои мусоид ва аз ҳама муҳим, оромию осудагӣ ва мардуми меҳнатдӯсту соҳибтамаддун дорад, сол ба сол сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Ташрифи сайёҳони хориҷӣ ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ба манфиат аст. Зеро, агар аз як ҷониб бо рушди соҳа ҷойҳои нави корӣ пайдо шавад ба ин васила даромади аҳолӣ зиёд мешавад, аз ҷониби дигар мавқеи кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ боло меравад.

Раҷабализода Ҳокималӣ,  мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg