БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР, КИ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР...

«Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

ВОКУНИШ. Истиқлолият бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик аст. Истиқлолият ин тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи  давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон  мебошад. Ҳар як сокинони кишвар, махсусан ҷавонон аҳамияти ин дастоварди муҳимро бояд донанд ва ҳимоя кунанд. Ҳамеша, хар як фард вазифадор аст, ки  ҷомеаро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории ин неъмати бебаҳо роҳнамоӣ намоянд. Дар дунё зиёда аз 3,5 ҳазор халқияту миллатҳое арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон ба миллионҳо расида, дар орзуи давлати соҳибистиқлол мебошанд ва бо мақсади расидан ба ин ҳадаф азму талош менамоянд, дар ин роҳ  ҳазорон нафарашон ҷон додаанду хозир ҳастанд, ки ҳазорон тани дигар қурбони ин роҳ шаванд, аммо онҳо ҳанӯз ҳам соҳиби давлати соҳибистиқлол нагардидаанд.

Мутаассифона,  имрӯз наҳзатиҳои фирорӣ ба воситаи баъзе расонаю сомонаҳои иҷтимоӣ бар зидди ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ҳуҷуми иттилоотӣ ва мафкуравӣ намуда, ба ин тариқ мехоҳанд миёни ҷомеа кинаву адоват ва бадбинию нооромиро ба роҳ монанд. Аммо нафаре пеш аз оне, ки сари масъалаҳои давлату давлатдорӣ ҳарфе баён кардан мехоҳад лоақал дар бораи ба кадом роҳ ба адаст омадани Истиқлолият ва давлате, ки 30-соли Истиқлолият дорад ва дар ин миён ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, дар кадом сатҳ қарор дошта бошад, ҷанги шаҳрвандӣ чист ва зарари ҷанги шаҳрвандӣ аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва моддию маънавӣ чи маъно дорад бояд донад? Пас шояд хулосабарорӣ карда тавонад.

Олимон исбот кардаанд, ки бадтарин ҷанг дар таърих ин ҷанги шаҳрвандӣ аст. Чунки баъди ҷанг миёни мардум кинаву адоват, мафкураи носолим ба вуҷуд меояд. Инчунин, ҳар як ҷанг аз 30 то 50 сол қаҳтию бадбахтӣ меорад. Баъзе харобаҳое, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омад,  дар баъзе минтақаҳо ҳанӯз ҳам обод нагардидаанд. Оё боре сари ин масъала фикр кардаед?

Аммо баъзе нотавонбинон ва ифротиёни наҳзатӣ  махсусан Ашур Ҳусейнов ва Беҳрӯз Тағойзода, Муҳаммадиқболи Садриддин ва аъзои дигари ҳизби террористию экстремистии Наҳзати исломӣ  мардумро ба доми фиреб кашида, худро ватандӯстӣ асил нишон медиҳанд. Аз тамошои чанд наворҳои онлайнии онҳо ба хулосае омадам, ки тӯли як ҳафта наворҳои баъзе шабакаҳои иҷтимоии иғвоангезро ҷамъоварӣ намуда, мардумро ба шуру дассисабозӣ ва фиребу найранг бар зидди миллату давлат  даъват менамоянд. Худро адолатхоҳу муборизи роҳи ҳақиқат гирифта,  нафароне дар фиребу найранги онҳо розӣ ҳаст ва ҳатто бар зидди давлати худ дассисаю дурӯғ ҳам гӯянд, маълумот диҳад барои онҳо хуб аст ва сухани онҳо қадр дорад. Аммо нафароне аз ободии Ватан ва заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари кишвар сухан гӯяд ба монанди оне, ки бо анбур дандонашонро канда бошанд. Дарҳол ба таҳлилу сангандозӣ шурӯъ мекунанд. Нафаре, ки дорои маърифат ва дониши кофӣ аст, рафти суҳбати ин гурӯҳҳои ифротиро мушоҳида карда, хулосаи даркорӣ бароварда метавонад. Дар умум нафароне аз ин хоинон ҳимоят мекунанд ва ё дар муоширатанд чунон менамояд, ки на дорандаи маълумот ҳастанд ва на маърифати кофии сухангӯӣ.

Қайд кардан зарур аст, ки хоиноне имрӯз берун аз Ватан таҳти ҳимояи бегонагон карор доранд ва такя бар қувваи муҳоҷирн карда онҳоро бар зидди миллату давлати худашон шӯронида истодаанд,  бешак имкон дорад, ки ба ҳар як нафари онҳо хиёнат кунанд. Чунки хиёнаткорӣ дар мағзу устухони ин палидон ҷо гирифтааст. Мақсади аслии хоинон қувваро аз худи халқ истифода бурда, давлату миллатро ғуломи бегонагон кардан аст. Ҳамеша бояд ҳушёр будан лозим аст.

Ҳар, ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

 

Фикр мекунам, ки мардуми босаводу боақли мо фирефтаи фиребу найранги ифротгароён намешаванд ва ба ҳар ҳарфи беҷои онҳо бовар намекунанд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста мардумро ба роҳи дурусти ватансозӣ ҳидоят намуда, таъкидҳо кардаанд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.

Саидшо Асроров,  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg