БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ РАЁСАТ БО БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ АНҶОМ ЁФТ

ҲАМАДОНӢ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷорияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Санифа Тағаймуродзода, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, собиқадорони ҳизб ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис масъалаҳои натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда, натиҷагирӣ аз аксияиҳои ҳизби дар ҳудуди ноҳия, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ворид кардани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ноҳиявиро мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 Аз рӯи масъалаи якум ва дуюми рӯзномаи маҷлис Давлатҷон Ғаффорзода баромад карда, дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроия дар назди ҳамагон ҳисобот дод. Сипас, дар бораи ворид кардани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳия Гадоӣ Сайдалиев сухаронӣ намуд. Маҷлис аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдорро қабул намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg