БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ХУД ОВОЗ МЕДИҲЕМ

ДӮСТӢ. Дар вохӯрии мазкур аъзои Ситод ва гурӯҳи таблиғотии пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Ҷалолиддини Балхӣ-30” Одиназода Ҳуснигулро ба иштирокдорон муаррифӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки дар интихобот фаъолона ширкат варзида,  ба номзади арзанда баҳри пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум овоз диҳанд.

Ҷиҳати баррасии Барномаи пешазинтихоботии худ номзад Одиназода Ҳуснигул  баҳри таҳкими истиқлолият, сулҳу субот, пешрафти ҷомеа, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ барои рӯёнидани зиёда аз ду ҳосил аз ҳар як қитъаи замин, таъмин намудани ҷамоат бо оби нӯшокӣ ва мустаҳкам намудани робитаи падару модар бо мактаб ва баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа гуфта шуд. Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҷониби интихобкунандагон хуб пазироӣ гардида, онҳо таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg