БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – РОҲНАМО ВА РОҲКУШОИ МИЛЛАТ

ВОСЕЪ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти А.Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо иштироки гурӯҳи корӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Сараввал вохӯриро раиси ҷамоати мазкур Неъматзода Ибодулло ҳусни ифтитоҳ бахшида, оиди риояи  риояи талаботи қонунҳои миллӣ суханронӣ намуд.

Сипас,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ иброз намуд, ки ҳамасола бо натиҷагирӣ ва муайяну мушаххас намудани нақшаву барномаҳои мукаммалу мушаххас, ки ба рушди босуботи Тоҷикистони маҳбуб ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи сокинон мусоидат менамояд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамоянд.

Зимнан дар вохӯрӣ аз тарафи иштирокдорон масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg