БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ ДАР МУЪМИНОБОД

МУЪМИНОБОД. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод семинар-машварати дастурдиҳӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоии деҳаву маҳаллаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба аҳамиятнокӣ ва роҳу усулҳои  татбиқи  аксияҳои ҳизбӣ бо  роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин  Абдусалимзода баргузор гардид.

Дар семинар-машварати ҳизбӣ ҳаракти аъзои ҳизб ва ташаббусҳои  неки ҳизбиён таҳлилу баррасӣ  гардида, оид  ба иҷрои  саривақтӣ  ва бо сифати баланди фаъолияти ҳизбӣ  аз ҷониби Миралиён Қиёмиддин  Абдусалимзода  ба иштирокчиён  маслиҳату  дастурҳои судманд дода шуд.

Дар охир узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод,  раиси ноҳия Шарифзода Лутфия ва раиси Кумитаи иҷроия Салоҳиддин Мирзобаротзода баромад намуданд.

Пас аз анҷоми семинари омӯзишӣ дар доираи аксияҳои ҳизбӣ Миралиён Қиёмиддин  Абдусалимзода ва Мирзобаротзода Салоҳиддин ба дидорбинии собиқадори ҳизб Нурова Савронбӣ ва маюби гурӯҳи якум Исоев Дилшод рафта, аз шароити зандагии онҳо аз наздик шинос шуданд ва маводҳои  озуқаворӣ кумак расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg