
ҶАЙҲУН. Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмири роҳҳои кӯчаҳои деҳаву маҳали ноҳияи Ҷайҳун оғоз ёфт.
Масофаи умумии корҳои таъмирӣ дар ин маҳалла 420 метр буда, бо тариқи ҳашар пурра таъмир карда шуд. Инчунин, хатҳои обгузари канори роҳ аз ду тараф бетонпӯш карда шуд, ки он имкон медиҳад минбаъд кӯчаи асфалтпӯшшуда вайрон нашавад.
Бояд қайд кард, ки ин иқдом дар дигар деҳаҳои ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби сокинон дастгирӣ ёфта, таъмиру сангфаршкунии роҳҳо идома хоҳад ёфт.