БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИЗЗАТ АМОН - САРХАТИ МИНБАРҲОИ ИЗДИҲОМИ НАҲЗАТ

ВОКУНИШ. Иззат Амон кист ва чаро имрӯз дар сархати минбарҳои издиҳоми наҳзат қарор дорад?

Холов Иззатулло Амонович бо тахаллуси Иззат Амон санаи 27 марти соли 2021 аз қаламрави Федератсияи  Россия бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои буду бош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Россия бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва аз Федератсияи Россия ронда шуд.

Ҷойи қайд аст, ки Иззат Амон дар Федератсияи Россия бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаҳои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулиро ба истифодаи эҳтиёҷоти хеш сарф кардааст. Иззат Амон қаблан низ барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, дар ҷӯстуҷуи расмӣ қарор дошт.

Масъалаи мазкурро дар самти  Иззат Амон гурӯҳҳои ифротгаро дар сархати минбарҳои издиҳоми хеш қарор дода, бо ин васила мехоҳанд мавзуъи мазкурро ба равияҳои сиёсӣ табдил диҳанду миёни мардум ҳар гуна ҳангомаҳоро ба вуқуъ оранд.

Аъзоёну пайравони ТЭТ ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати бо ном исломӣ, ки  имрӯзҳо чеҳраи аслиашон  миёни мардум шинохта гардидааст, ҳамагуна масълаҳои марбут ба давлату Ҳукумати Тоҷикистонро пайгирӣ намуда, ба таври хеш обу ранг дода, ба монанди фитна ва иғво ба саҳми мардум пешниҳод месозанд.

Таъкид ба ёдоварист, ки Иззат Амонро додгоҳи Тоҷикистон не, балки додгоҳи ноҳияи Твери  шаҳри Москваи Федиратсияи Россия аз буду бош дар Россия маҳрум сохтааст.  Пас чаро минбарҳои издиҳоми наҳзат дар барномаҳои иғвоангезонаи худ роҷеъ ба ронда шудани Иззат Амон бо сабаби ғайриқонунӣ ба даст овардани ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия сухане намегӯянд. Посух маълум аст, Иззат Амон имрӯз барои гурӯҳи дассисабозӣ наҳзат ба таври восита ва мавзуъи иғвоангез истифода шуда истодааст.

Ба саҳми бародарону хоҳарон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дӯстдорони Иззат Амон мерасонем, ки қонун-қонун аст ва ҳар кас дар пеши қонун ҷавоб хоҳад дод, чӣ Иззат Амон бошаду чӣ каси дигар.

Умедворем, ки Иззат Амон низ, ба гуноҳи хеш иқрор гардида, баъди барқарор намудани зарари расонидашуда, тибқи қонунгузории кишвар нисбаташ чораҷӯӣ мегардад.

Мо бояд фаромӯш накунем, ки дар замони муосир иттиллот ба яке аз аслияҳои пуриқтидори таъсиррасонӣ ба мағзи инсон табдил ёфтааст. Имрӯз хоинону бадхоҳони миллат иттилоотро ба ҳайси фишангҳои ҳадафнок ба сиёсати дохилӣ истифода мебаранд. Имрӯз фаъолияти беисти трансмилӣ ба андозае тавсеа ёфтааст, ки ҳатто роҳбарони давлатҳои абрқудрат пешору хатарро эҳсос мекунанд. Ҷойи қайд аст, ки силоҳи аслии суботу оромӣ аслиҳа набуда, балки идиалогияи  баланди халқ мебошад. Ва мусаллам аст, ки баъзе аз ҳамватанони мо ҳанӯз ҳам комилан дарк накардаанд, ки ҷанги иттилоотӣ чист! Бубинед, имрӯз дар хориҷ аз ҷониби аҳзобу ҳаракатҳои мамнуъ ба монанди ТЭТ ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати бо ном исломӣ, бо маблағи баъзе кишварҳои манфиатдори хориҷӣ гурӯҳҳои радикалие созмон додаанд, ки  аз тариқи интернет ҳамарӯза соатҳо бар зидди кишвари мо, зидди арзишҳои бунёдии миллати мо пайгирона ва ба таври густурда амал мекунанд. Дар ин роҳ мо дар ҳақиқат ба фарзандони сарсупурда, бохабар аз техникаву техналогия ниёз дорем, то ки ба тири андохтаи бадхоҳони миллат, се –чор нафар “евро-муллочаҳо” ҷавоби обдоре дода тавонанд.

Танқид бояд аз таҳқир фарқ карда шавад. Барои фарқ кардани таҳқир аз танқид бояд созанда бошем. Барои созанда будан, хизмати халқро ба ҷо овардан, дар ҷомеа сазовори ҷойгоҳи махсус гардидан, кинаву ғурурро бояд як тараф гузошт. Барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо қалб басандааст, пас қалбҳои зебое дошта бошед, то хизмати халқро содиқона ба ҷо оваред.

Абдуллозода Саёҳат,  ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg