
ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии бахши «Фарҳанг» бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва аъзои фаъоли ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти семоҳаи якуми соли 2021 баргузор гардид.
Дар маҷлис намояндаи масъули бахши фарҳанг Маҳмадалиев Раҷабали ҳисоботи ташкилотро ироа намуда, бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоӣ қарорҳои дахлдорро қабул намуд.
Ҳамзамон, дар маҷлиси ҳисоботӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб баромад намуда, оид ба рафти корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ суханронӣ намуданд.