БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

30 Сентябр 2021

ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ РӮ БА АФЗОИШ ДОРАНД

ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи "Ғалаба"  бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ суҳбату вохӯрӣ доир намуда, ҳадаф аз баргузории вохӯриро ба сокинон фаҳмониданд.  

ПЕШГИРӢ АЗ ТАБОБАТ БЕҲТАР АСТ

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо намояндагони соҳаи тандурустии ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва нерӯи барқ дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.

ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ заминаи устувор гузошт, забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд.

БАРОИ ҲИМОЯИ ВАТАН БЕТАРАФ НАБОШЕМ

АНДЕША. Мардуми Тоҷикистон марҳилаи вазнини солҳои аввали истиқлолиятро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд. Асоси мустаҳками амалӣ намудани тадбирҳои созандаву бунёдкориҳо, ҳукмфармо будани сулҳу салоҳ дар ҷомеа, якдигарфаҳмӣ ва якдилии мардум, ҳамзистии ҳамаи сокинон ба шумор меравад.

ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ШАКЛИ ДИНӢ ЗУҲУР ЁФТААНД

ВОКУНИШ. Тавре аз нишондодҳо пайдост, яке аз мушкилоти имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки ҳеҷ як кишварро дар канор намегузорад, масъалаи терроризм ва экстремизм аст. Имрӯз терроризм дар шаклҳои гуногун ба кишварҳои ҷаҳон таҳдид мекунад. Новобаста аз раддабандии давлатҳо, ки онҳо дар кадом сатҳи ҷаҳонӣ қарор доранд, аз хатари терроризму экстремизм дар амн нестанд.

БО ҲХДТ МЕПАЙВАНДЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чорбоғ” вохӯрии  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бо аъзо, фаъолони ҳизб бо мақсади баланд бардоштани нуфузу эътибори ҳизб зери шиори “Бо ҲХДТ мепайвандем”  баргузор гардид.

ОБОДИИ КИШВАР АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ МО ВОБАСТА АСТ!

ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сармантой”-и  ҷамоати деҳоти Озодагон бо ҷалби аъзои ҳизб, фаъолон ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз” дар доираи Аксияи тарғиботи амалии ҳизбии “Якҷоя месозем!” 550 метр роҳи марказии маҳалла мумфарш карда шуд.  аз ин иқдоми нек сокинон руҳбаланд гардида, ба шахсони мутас

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН БА МАНФИАТИ МОСТ!

ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Панҷ «бо аъзоён ва фаъолони ҳизб вохӯрӣ барпо гардид.

ВОХӮРӢ БО ТАЪЛИМГИРАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

ПАНҶ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар Литсейи давлатии №1 суҳбату вохӯрӣ бо ҷавонон, баргузор карда шуд.

СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

ПАНҶ.  Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Панҷ рӯз то рӯз вусъат ёфта истодаанд, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорони маҳаллӣ хеле калон ва шоистаи таҳсин аст.

АЗ СOVID-19 ЭҲТИЁТ БОШЕД!

ПАНҶ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус СOVID-19 миёни сокинон бо усули “хона ба хона ” дар ҷамоати шаҳраки Панҷ, маҳаллаи 60-солагии Панҷ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.

ВОХӮРӢ БО ГУРӮҲИ ВАКИЛИИ ҲИЗБӢ ДАР НОРАК

НОРАК. Дирӯз раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо бо  гурӯҳи  вакилии  ҳизбӣ дар   Маҷлиси  вакилони  халқи  шаҳри Норак оид  ба масъалаҳои  даъвати  ҷавонон  ба  хизмати ҳарбӣ, вазъи кунунии  давлати  Афғонистон ва  пешгирии

ВАЗИФАИ АВВАЛИНДАРАҶАИ МО ҶАВОНОН ҲИФЗУ НИГАҲДОРИИ ФАРҲАНГ АСТ

АНДЕША. Мо ҷавонони давраи истиқлол барои пешрафти ҷомеаи муосир чӣ нақшеро созгорем? Мо худ ҷавон ҳастем, оё метавонем шахси бефарҳангу бемаърифат бошем? Далели оддитаринаш ҳамин аст, ки мо байни худ муколамаи хуб надорем. Дар кӯча рафтору кирдорамон бениҳоят бад аст. Байни омма якдигарро суханҳои қабеҳ мегӯем. То ҷое, ки модару хоҳар ва хонаводаи якдигарро дашном медиҳем.

ЗАРУРАТИ КАШФИ ВОСИТАҲОИ ҲАРАКАТКУНАНДАИ БАРҚӢ

АНДЕША. Мо мардуми Тоҷикистон даст ба гиребон гирифта, садҳо ҳазор бор шукронаи сарзамин ва ваҳдату ягонагӣ мекунем. Акнун фурсате фаро расидааст, ки дониш ва илми азхуднамудаи худро баҳри пешрафти кишвар истифода барем. Ба ҳамагон маълум аст, ки арзиши сӯзишворӣ баланд мешаваду аммо ҳанӯз ҳам талаботаш зиёд аст. Моро зарур аст, ки ҷавонони ихтироъкорро мутаҳҳид намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ камар бубандем.

ТАБИАТИ ЗЕБО - МОЯИ ИФТИХОРИ ОДАМИЯТ

АНДЕША. Табиат барои инсон аҳамияти калон дошта, инсон ҳамеша ба табиат ва сарватҳои он ниёз дорад.  Зеро ки он ҷисмҳо, аз ҷумлаи об, хок, бод, ҳаво, тамоми растаниҳо ва набототе, ки дар табиат мавҷуданд, ба инсон алоқамандии зич доранд. Ҳамаи мо медонем, ки об манбаи ҳаёт буда, бе истеъмоли об инсон зинда буда наметавонад. Ҳамаи мавҷудоти зиндаи олам – ҳайвонот ва растаниву наботот низ ба об вобастагӣ доранд.

ХУДРО АЗ СИРОЯТЁБӢ ЭМИН НИГОҲ ДОРЕД!

АНДЕША. Хонандаи азиз, тавре огоҳӣ доред, соле қабл паҳншавии бошиддати бемороии сироятии короновирус ҷаҳонро такон дод. Ҳазорҳо нафар ба ин беморӣ мубтало гашта, ранҷу азияти зиёде кашиданд. Қисме аз сироятшудагон ҷони худро қурбони ин беморӣ намуданд.

ЧАРО ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ НИСБАТИ ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН БЕТАРАФ АСТ?

АНДЕША.  Ба ҳамагон маълум аст, ки гурӯҳи "Толибон" нимаи дуюми моҳи август ҳукумати қонунии Афғонистонро пурра ғасб намуда,  қудратро зӯран ба воситаи силоҳ ба даст оварданд.

АХЛОҚИ ҲАМИДАИ ИНСОНӢ БА РУШДУ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

АНДЕША. Ахлоқ – рафтору кирдор, хулқ, сират - яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, маҷмӯи меъёру муқаррароти асосии муносибати оилавӣ, фардӣ ва ҷамъиятии одамон мебошад.

САҲМ ГУЗОШТАН ДАР ОБОДИИ ЯК ГӮШАИ МЕҲАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ

ВОСЕЪ. Бо мақсади обод намудани як гӯшаи меҳани худ бо истифода аз ҳавои мусоид шахсони саховатпеша мумфаршкунии кӯчаҳоро дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ идома дода истодаанд.

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО СОКИНОН

Ҷ.БАЛХӢ.  Бо мақсади сари вақт иҷро намудани нақшаи “Обуна-2022” ба нашрияҳои ҳизбӣ, ҳамчунин иҷрои саривақтии ҷамъоварии ҳосили пахта,   дар толори Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонова Лола, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Абдулҳаев Маҳмасаид, раиси Ҷамоати деҳоти Маданият Эшбуризода Баҳриддин бо  раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, омӯзгорон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg