ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сармантой”-и ҷамоати деҳоти Озодагон бо ҷалби аъзои ҳизб, фаъолон ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз” дар доираи Аксияи тарғиботи амалии ҳизбии “Якҷоя месозем!” 550 метр роҳи марказии маҳалла мумфарш карда шуд. аз ин иқдоми нек сокинон руҳбаланд гардида, ба шахсони мутасаддӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.