БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

23 Сентябр 2021

ПАРТАВИ ИСТИҚЛОЛ БА ОЯНДАИ НЕК

АНДЕША. Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки  бо  изҳори  фараҳмандӣ  ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҳисси баланди ватандорию ватандӯстӣ, хештаншиносиву  меҳанпарастӣ  таҷлил  намудем.

ЁРИИ МЕТОДӢ БА ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ҶАЙҲУН. Бо иштироки сармуҳосиб ва дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фирӯза”- и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ дидан  намуданд.

ИҚДОМҲОИ СОЗАНДАИ ҲИЗБ ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ҲАМАДОНӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Аббос Саидмуминзода бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди Ҷамоати Меҳнатобод, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.

22-СЕНТЯБР РӮЗИ ГИРОМИДОШТИ САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ КЛАССИКИ ФОРСУ ТОҶИК МАЛИКУШШУАРО АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

АНДЕША. Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди водии Зарафшон ба дунё омадааст. Рӯдакӣ тахаллуси шоирии устод аст, ки аз номи деҳаи зебои худ Рӯдак гирифтааст. Падари Рӯдакӣ аз табақаи боимтиёз ва шахсони соибэҳтироми водии худ буда, ба тарбияи фарзандаш аҳамияти бузург додааст. Ӯ маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ гирифта, аз худ истеъдоди баланде зоҳир намудааст.

АЗ СOVID-19 ЭМИН БОШ!

ПАНҶ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Фирдавсии ҷамоати шаҳраки Панҷ ба  сокинони маҳалла бо усули  “кӯча ба кӯча”  ва “рӯ ба рӯ” суҳбат оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус   «COVID – 19» баргузор намуда, ба истиқоматкунандагони  маҳаллаи мазкур варақаҳои иттилоотӣ, м

ШАҲОМАТИ КӮҲРО ФАҲМИДАН ХОҲӢ, БА ОН НАЗДИК БИШАВ

АНДЕША. Арастуи бузург мегӯяд, ки «Чизҳои маълум ба каме аз одамон маълуманд». Дар ҳақикат мегӯянд, ки агар шаҳомати кӯҳро фаҳмидан бихоҳӣ, ба он наздик бишав. Хоксории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама маълум аст.

ҶАВОНОН - НЕРӮИ ПЕШБАРИ ҶОМЕА

КӮШОНИЁН. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10  ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо хатмкунандагони муассисаи мазкур мулоқот доир шуд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- СУЛҲОФАРЕ ДАР АРСАИ ҶАҲОН

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сулҳҷӯю сулҳофар фаъолияти роҳбарии хешро баҳри рушду тараққӣ ва суботу амнияти миллати тоҷик оғоз намуд.

МАЪРАКАИ ОБУНАШАВӢ ИДОМА ДОРАД

ДӮСТӢ. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи ҷамоати деҳоти  Ҷиликӯл дар ташкилоти ибтидоии деҳаи "Бадахшон" баҳри обунашавии сокинон ва ҷонибдорони ҲХДТ суҳбату вохӯрӣ доир гардид.

БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ДӮСТӢ.  Бо мақсади таҳким бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ суҳбату вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардида истодааст.

СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО МАРДИКОРОН

ВОСЕЪ. Дар назди бозори марказии ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

КОРҲОИ ОБОДОНӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи иҷрои корҳои ободониву созандагӣ ва дар амал татбиқ намудани аксияҳои ҳизбӣ дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Тугарак мумфаршкунии роҳу кӯчаҳо аз ҷониби соҳибкорон бо маром ҷараён дорад. То санаи 21.09.2021 беш аз 15 километр роҳҳои байни деҳа ва кӯчаҳо мумфарш карда шуданд. Ин амал то охири рӯзҳои гармӣ ва мувофиқи дархости мардуми деҳа ба иҷро расонида мешавад.

ҒОЛИБИЯТ ДАР МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи баргузории мусобиқаи футболи хурд барои дарëфти “Ҷоми ҲХДТ”  дар вилояти Хатлон дастаи футболбозон аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дастаи футболбозони ноҳияи Носири Хусрав байни ҳам рақобат карда, дастаи футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рақибони худ дастаи футболбозони ноҳияи Носири Хусравро бо ҳисоби 18:3 мағлуб намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg