ВОСЕЪ. Дар доираи иҷрои корҳои ободониву созандагӣ ва дар амал татбиқ намудани аксияҳои ҳизбӣ дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Тугарак мумфаршкунии роҳу кӯчаҳо аз ҷониби соҳибкорон бо маром ҷараён дорад. То санаи 21.09.2021 беш аз 15 километр роҳҳои байни деҳа ва кӯчаҳо мумфарш карда шуданд. Ин амал то охири рӯзҳои гармӣ ва мувофиқи дархости мардуми деҳа ба иҷро расонида мешавад.
Бояд қайд намуд, ки соҳибкорон ва нафарони саховатпеша талош бар он менамоянд, ки дастур ва супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати иҷрои корҳои ободонӣ дар амал татбиқ намуда, саҳми худро дар ин ҷашни ниҳоят барои мо муҳим ва сарнавиштсоз гузоранд.