ҶАЙҲУН. Бо иштироки сармуҳосиб ва дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фирӯза”- и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ дидан намуданд.
Зимни боздид, масъулин аз рафти корҳои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии болозикр шинос шуда, оид ба ҳаракати аъзои ҳизб, тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои саривақтӣ доданд. Инчунин, дар масъалаи аъзо шудан ба ҳизб бо масъулини ташкилот суҳбат гузаронида, таъкид намуданд, ки ҳуҷҷатгузориҳо бояд тибқи “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.