БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМҲОИ СОЗАНДАИ ҲИЗБ ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ҲАМАДОНӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Аббос Саидмуминзода бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди Ҷамоати Меҳнатобод, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.

Зимни баромад Аббос Саидмуминзода дар бораи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда,  қайд намуд, ки барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад.

Ҳизб поягузори сиёсии Тоҷикистон буда, бо ҳадафҳои созандаи хеш кишварро шинохти ҷаҳон гардонида, сатҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолиро беҳ гардонид. Ба ҳизб эътимоди халқ зиёд мебошад.

Барои хизматҳои намоён ва саҳми муносиб дар корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Меҳнатобод” Давлатов Абдулло бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаю маҳаллаҳо аз ҷониби Аббос Саидмуминзода барои беҳшавии фаъолият вазифадор гардиданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg