ПАНҶ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Фирдавсии ҷамоати шаҳраки Панҷ ба сокинони маҳалла бо усули “кӯча ба кӯча” ва “рӯ ба рӯ” суҳбат оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус «COVID – 19» баргузор намуда, ба истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкур варақаҳои иттилоотӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ дастрас карда шуд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳия босуръат идома дорад.