ВОСЕЪ. Дар назди бозори марказии ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ бо ин гурӯҳи сокинон-корҷӯён ва ё бо ибораи дигар мардикорон суҳбат намуда, қайд карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ғамхори сокинони кишвар мебошад ва дар тӯли 30-соли Истиқлолият ҳазорҳо корхонаҳову ташкилотҳо бунёд гардиданд, ки дар натиҷа чандин нафарони бекор соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Барои бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидан ҳамаи мардикоронро зарур аст, ки касбу ҳунарҳои гуногунро омӯхта аз худ намоянд ва барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан бошад забонҳои хориҷиро аз худ намуда, баъдан сафар намоянд. Омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ имкон медиҳад, ки дар дилхоҳ корхонаҳои кишвари азизамон ва ё мамлакатҳои хориҷӣ бе мушкилӣ кору фаъолият намоянду зиндагии осоишта дошта бошанд.