БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ АЗ ТАБОБАТ БЕҲТАР АСТ

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо намояндагони соҳаи тандурустии ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва нерӯи барқ дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.

Зимни суҳбат бо аҳолӣ масъулин оиди риояи гигиенаи шахсӣ ва тозаву озода намудани гирду атрофи маҳали зист суҳбат карданд.  Инчунин, ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ ва варақаҳои тарғиботӣ дастрас намуданд. Ҳамзамон, оид ба истифодаи мақсадноки нерӯи барқ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ варақаҳои таблиғотӣ ба ҳар оила дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg