ВОСЕЪ. Бо мақсади обод намудани як гӯшаи меҳани худ бо истифода аз ҳавои мусоид шахсони саховатпеша мумфаршкунии кӯчаҳоро дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ идома дода истодаанд.
Бояд қайд намоем, ки соҳибкорони маҳаллӣ, саховатмандон ва сокинони меҳнатдӯстӣ ноҳияи Восеъ дар ин амали хайр саҳми арзандаи худро гузоштанд ва зиёда аз 500 метр роҳи ҷамоати мазкурро аз таъмири хушсифат бароварданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳудуди ноҳияи Восеъ корҳои мумфаршкунии роҳҳо то ба ҳол идома дорад, ки наздики 25 километри он пурра мумфарш карда шуда, аз таъмир баромадааст.