БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АХЛОҚИ ҲАМИДАИ ИНСОНӢ БА РУШДУ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

АНДЕША. Ахлоқ – рафтору кирдор, хулқ, сират - яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, маҷмӯи меъёру муқаррароти асосии муносибати оилавӣ, фардӣ ва ҷамъиятии одамон мебошад.

Густариши ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба пешрафту рушди ҷомеа бахусус ҷавонон, бидуни иштибоҳ мусоидат мекунад.

Мутаассифона, имрӯз ахлоқи ҷомеа, бахусус ҷавонон, наврасон ва кӯдакон бисёр коҳиш ёфтааст. Дур шудан аз маърифат, фарӽанг ва тафаккури инсонӣ, милливу китобӣ боиси коӽиш ёфтани ахлоқ мегардад. Ҷавононе, ки бадахлоқанду бемаърифат, ояндаи миллату халқиятро ба гирдоби бало меандозанд.

Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимӣ нисбати илмомӯзии толибилмон диққати махсус зоҳир мекунанд, албатта, ин иқдом сазовори таҳсину офарин мебошад, аммо мо саргарми азхудкунии илму дониш гашта, нуктаи бисёр ҳассосро қариб фаромӯш намудаем. Барои инсони комил гаштан танҳо илму дониш нақши асосиро иҷро намекунад, балки пеш аз ӽама одобу ахлоқ, тарбияи дуруст ва шуури баланди ахлоқӣ нақши асосиро мебозанд ва тарбияи хуби насли оянда метавонад, ояндаи халқу миллатамонро гулгулшукуфон намояд.

Инсон аз лаӽзаи таваллуд то лаӽзаи марг дар маркази як секунҷае ҷойгир аст, ки аз он секунҷа ӽаргиз берун баромада наметавонад. Дар кунҷи аввали секунҷа оила, дар кунҷи дуввум мактаб ва дар кунҷи саввум ҷомеа ҷойгир аст. Мо дар оила тавлид мешавему ба воя мерасем, дар мактаб таълиму тарбия мегирем, дар ҷомеа чун шахсият шинохта мешавем ва чун шахси соҳибмаълумоту комилҳуқуқ кору фаъолият мекунем.

Хулоса, ахлоқ арзишҳои умумиинсонии маънавӣ, меъёрҳои рафтору атвори одамон ва муносибати мутақобилаи онҳоро инъикос намуда, дар иҷрои меъёрҳояш ба афкори умум такя мекунад. Ахлоқе ки ба талаботи таррақиёти иҷтимоӣ мувофиқ аст ва пайваста, баҳри инкишофи шуури инсонӣ мусоидат менамояд, ахлоқи ҳақиқӣ ба шумор меравад. Беҳуда нест, ки аксари мутафаккирон ахлоқро муъҷизаи олии маънавӣ маънидод кардаанд.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg