БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУДРО АЗ СИРОЯТЁБӢ ЭМИН НИГОҲ ДОРЕД!

АНДЕША. Хонандаи азиз, тавре огоҳӣ доред, соле қабл паҳншавии бошиддати бемороии сироятии короновирус ҷаҳонро такон дод. Ҳазорҳо нафар ба ин беморӣ мубтало гашта, ранҷу азияти зиёде кашиданд. Қисме аз сироятшудагон ҷони худро қурбони ин беморӣ намуданд. Дар робита ба ин, баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар ноҳия ва дар маҷмуъ дар тамоми қаламрави кишварамон ситоди доимоамалкунанда фаъолият дошта, дар байни аҳолӣ ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.

Сохторҳои марбутаи давлатӣ аз рӯзҳои аввал ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, пайваста бо табибону ҳамшираҳои тиббӣ баҳри пешгирии сироятёбии шаҳрвандон бо коронавирус-вабои аср дар мубориза буд. Баҳри пешгирӣ ва табобати гирифторони ин беморӣ дар беморхонаҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 110 кати хоб ва зиёда аз 20 адад асбобҳои нафасдиҳии  сунъӣ мавҷуд буда, барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба беморон маводи доруворӣ захира карда шудааст. Инчунин, дар ин давра зери сиёсати оқилонаю дурандешонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ваксинаи «Астразеника»  80 флакон (800 воя), ваксинаи  «Модерна» 592 флакон (8880 воя) дастрас гардида, 4440 воя дастраси марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ гардонида шуд, ки то сокинони деҳаҳои дурдасти ноҳия ба ваксинатсия фаро гирифта шаванд. Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар ноҳия гурӯҳи мақсаднок 34943 нафарро ташкил дода, аз ин 1272 нафар занони ҳомила, 31 нафар гирифтори бемории ВНМО, 218 нафар фишорбаландӣ, 3282 нафар муҳоҷири дохилӣ, берунӣ ва донишҷӯён мебошанд.

Айни ҳол ваксинагузаронӣ дар тамоми манотиқи ноҳия  бо таъсиси гурӯҳҳои корӣ идома дошта, зарурати ҳарчӣ зудтар ба итмом расониданро тақозо менамояд. Ҳарчӣ зудтар гирифтани вояи пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус боиси ба куллӣ нест шудани ин беморӣ дар ноҳияву тамоми кишварамон шуда, ҳодисаҳои ҳалокати инсонҳо ба маротиб поён меравад.

Аз ин лиҳоз аз кулли сокинони ноҳия ва дар маҷмуъ тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорем, ки ба қадри заҳматҳои пайгиронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, баҳри бо ваксинатсия фаро гирифтани худу наздиконамон бетарафиро ихтиёр насозем. Чунки бетарафӣ бешарафӣ ва боиси зиёд  шудану ба дарозо кашидани навъи бемории коронавирус дар кишварамон мешавад.

Бо ин мақсад, нисбати саломатии аҳли ҷомеаю аҳли хонавода  бояд ҳар яки мо бетаваҷҷуҳ набошем.

Маҷид  Наимов, узви фаъоли ҲХДТ аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg