ПАНҶ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус СOVID-19 миёни сокинон бо усули “хона ба хона ” дар ҷамоати шаҳраки Панҷ, маҳаллаи 60-солагии Панҷ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.
Инчунин, дар рафти мулоқотҳо ба сокинон ниқобҳои муҳофизатӣ, маводҳои антисептикӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.