АНДЕША. Мардуми Тоҷикистон марҳилаи вазнини солҳои аввали истиқлолиятро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд. Асоси мустаҳками амалӣ намудани тадбирҳои созандаву бунёдкориҳо, ҳукмфармо будани сулҳу салоҳ дар ҷомеа, якдигарфаҳмӣ ва якдилии мардум, ҳамзистии ҳамаи сокинон ба шумор меравад. Дар музаффариятҳои бадастомада ҳиссаи Қувваҳои Мусаллаҳ басо назаррас аст, зеро Артиши миллӣ кафили боэътимоди соҳибистиқлолӣ, бехатарии кишвар ва ягонагии марзу бум маҳсуб меёбад. Албатта, давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, соҳиби Артиши миллӣ ва қувваҳои мусаллаҳ шуданаш лозим аст. Артиши миллӣ дар роҳи ҳифзи истиқлолият, таъмини якпорчагии мамлакат, ҳимояи осоиштагӣ ва меҳнати бунёдкоронаи мардум, тарбияи ватанпарастии ҷавонон нақши муҳим мебозад.
Дар солҳои аввали истиқлолият бо раҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти Артиши миллӣ ба роҳ монда шуда, ҳифзи Ватан ҳамчун бошарафтарин касбу рисолат эътироф гардид. Нуфуз ва эътибори хизматчиёни ҳарбӣ сол аз сол боло рафт. Имрўзҳо, агар дар ҳар куҷо шахсеро бо либоси ҳарбӣ бубинем, ба ў бо ҳавас ва ифтихор назар меафканем. Афроде, ки тақдирашонро бо ҳимояи Ватан пайваст намудаанд, меҳру эътибор, ғамхории Пешвои миллатро пайваста эҳсос мекунанд. Ин эътиборро дар таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо ҷойи зист, додани рутбаҳои ҳарбиву мукофотҳои давлатӣ, фиристодани арзандатарини онҳо барои идомаи таҳсил ба бонуфузтарин мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои дуру наздик ва тадбирҳои бисёри дигар эҳсос кардан мумкин аст. Соҳибистиқлолии ҳар як давлат, озодии шаҳрвандони он бояд аз ҷониби Артиши Миллӣ, қувваҳои Мусаллаҳ таъмин ва ҳимоя карда шавад. Миллате, ки ба қадри истиқлолияту озодии хеш намерасад, онро ҳифз карда наметавонад ва ё барои он қудрату тавон надорад, ҳеҷ гоҳ озод буда наметавонад, ў маҷбур аст, ки ба ҳар гуна қувваҳои бегона итоат кунаду ба онҳо баъзан сар хам бикунад. Барҳақ, танҳо давлате, ки истиқлолияту сулҳу субот ва осоиштагии мардумашро таъмин менамояд, рў ба тараққӣ мениҳад. Имрўз мо дар назди худ мақсади бунёди давлати ҳамаҷониба рушдкардаро гузоштаем ва биноан табиист, ки дар навбати аввал ба мустаҳкам кардани иқтидори мудофиавии давлатамон эътибор диҳем.
Абдурашид Усмонов, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант