Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади сари вақт иҷро намудани нақшаи “Обуна-2022” ба нашрияҳои ҳизбӣ, ҳамчунин иҷрои саривақтии ҷамъоварии ҳосили пахта, дар толори Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонова Лола, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Абдулҳаев Маҳмасаид, раиси Ҷамоати деҳоти Маданият Эшбуризода Баҳриддин бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, омӯзгорон ва дигар фаъолони ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба аъзо кардани шахсони салоҳиятнок ба сафи ҲХДТ дар доираи озмуни ҳизбӣ зери унвони “Оид ба аъзо кардани ҷонибдорон-роҳбарон ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонии фермерӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба сафи ҲХДТТ” суханронӣ намуда, оид ба даъвати тирамоҳӣ барои ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ пайвастани ҷавонписарон, сифати таълиму тарбия, ҷалби ҳарчӣ бештари наврасону ҷавонон ба китобу китобхонӣ ва ташвиқи интихоби дурусти касб барои онҳо ибрози ақида намуданд.