БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ заминаи устувор гузошт, забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд.

Аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои он, инчунин меъроси бебаҳои ниёгон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Ин қонун барои рушди забони давлатӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард ва як рукни муҳими давлатдории моро таҳким бахшид.

Ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад.

Ин забон, ки забони модарии мост барои мо - тоҷикон -чун шири модар муқаддас мебошад.

Дар даврони истиқлолият барои баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва арҷи бештар гузоштан ба он тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Файзизода Кариҷон Нозил,   узви гурӯҳи таҳлилии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg