Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чорбоғ” вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо аъзо, фаъолони ҳизб бо мақсади баланд бардоштани нуфузу эътибори ҳизб зери шиори “Бо ҲХДТ мепайвандем” баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Алиев Зафар оид ба мақсаду мароми ҳизби пешоҳанги ҷомеа, пешравиҳои он дар замони Истиқлолият, ҳизби мардумӣ будани он ибрози назар намуда, қайд кард, ки ин ҳизб зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шостаи мардум” фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Инчунин, ӯ дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, аз ҷумла кишти такрорӣ истеҳсоли захираи маводи кофии хӯрокворӣ, захира кардани ғалладонагӣ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, татбиқи аксияҳои ҳизбӣ, дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ суханронӣ намуда, дар фарҷоми вохурӣ ба аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбиро тақдим намуд.