ПАНҶ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар Литсейи давлатии №1 суҳбату вохӯрӣ бо ҷавонон, баргузор карда шуд.
Зимни суҳбат мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Ғафуров Сайдамир оид ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", дастгириҳои давлату ҳукумат аз пешниҳоду ташаббусҳои ҷавонон ёдрас шуда, даъват намуд, ки дар фазои мамлакат сулҳу ваҳдат имрӯз ҳукмфармо аст, аз пайи омӯзишу донишазхудкунӣ ва дар фикри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон бошем. Дар суҳбат қайд гардид, ки ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию созандагӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои фарҳангию ҷамъиятӣ ва ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар яки мо мебошад. Инчунин, оид ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки хизмат дар сафи артиши миллӣ мактаби мардонагӣ ва шуҷаотмандӣ ба ҳисоб меравад ва қарзи ҳар як ҷавонмард аст, ки дар назди Ватан –Модар қарзи фарзандиашро адо намояд.
Дар бораи иҷрои талаботи қонунҳои танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарзи дурусти истифодаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ва ғайра изҳори ақида карда шуд.