БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

04 Март 2021

ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

АНДЕША. Парвардигори оламиён дар як ҳадисе ривоят мекунанд, ки накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борандагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра - қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!

ШАҲРИТУС. Дар ҷамоати деҳоти Обшорон дар  деҳаи Обшорон бо ҷалби кормандони масъули ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда Аксияи ҳизбии «Ниҳолшинонӣ» таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард» баргузор гашта,  аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии ҷамоати деҳоти Обшорон, ҷамоати шаҳраки Шаҳритус ва ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов беш аз 500 бех ниҳолҳои мевадиҳанда в

СЕМЕНАР -МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БО РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Н.ХУСРАВ. Бо  мақсади  таҳкими  низоми  ҳаракати  ҳизб, механизми  танзимкунандаи  гурӯҳи  муносибатҳо ва амалу рафтори  аъзои  ҳизб, ба расимятдарории фаъолияти   аъзои  ҳизб,  аз  ҷумла  ба  мисоли  қабул  ба сафи  ҳизб, ба   қайд гирифтани  аъзо,  аз  қайд  баровардани  аъзо, боз  доштани  узвият ва  хориҷ  кардани  аъзои  ҳизб бо  иштироки раисони ташкилотҳои  ибтидоии  деҳоту  маҳаллаҳо баргузор  гардида  истодаанд.

ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ПАЁМ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ДОДА ШУД

ХОВАЛИНГ. Дар  ташкилоти  ибтидоии ҳизбии “Омор” ҷаласаи  васеи кормандон  гузаронида шуд, ки  дар он Паёми  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мавриди омӯзиш  ва  баҳрабардорӣ    қарор дода  шуд.

МЕҲРИ МОДАР БЕКАРОН АСТ

АНДЕША. Модар дар ҳама ҳолат пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва муваффақияти фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад, модар.
Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба қадри ин ганҷи бебаҳо расида метавонем. Гоҳ дар дунёи шавқу шӯри ҷавонӣ заврақ меронему модарро фаромўш месозем. Замоне ба худ меоем, аммо .....

МАОРИФ ДАРГОҲИ МАЪРИФАТ

АНДЕША. Ҳалли  масъалаҳои  иҷтимоии  соҳаи  илму  маориф  ҳамеша  дар меҳвари  сиёсати  давлату  Ҳукумати  мамлакат қарор  дорад, - омадааст  дар Паёми  навбатии  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон.

РӮЗИ ФИРӮЗӢ МУБОРАК, МОДАР!

АНДЕША. Рӯзи байналхалқии занон дар аввал, Рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он на Иди бонувон, балки ҷашни занони инқилобгар ном дошт.8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд.

АЗ COVID – 19 ХУДРО ҲИФЗ НАМО!

ФАРХОР. Намояндагони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирӣ аз сироятёбии коронавируси COVID-19 ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат боигарии давлат” бо усули “хона ба хона” гардиш доир намуданд.

ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

ЛЕВАКАНТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани “Рӯзи Модар” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони “Модар яктост - Тоҷикистон яктост” миёни хонандагони ин муассисаи таълимӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр

ҲХДТ- ҲИЗБИ ТАҲКИМБАХШИ ОРОМИВУ СУБОТИ ҶОМЕАИ НАВИН

ПАНҶ. Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотӣ Кумитаи иҷроия Ϝафуров Сайдамир бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ноҳия суҳбат дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм падидаҳои номатлуби аср” доир намуд.

МОДАР САРЧАШМАИ ҲАЁТ

ПАНҶ. Дар доираи нақша -чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бахшида ба “Рӯзи Модар”  дар якҷоягӣ бо волонтёрони ҳизбӣ бонувони собиқадор ва фаъоли ноҳияро аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бахшида ба Рӯзи Модар бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

БИҲИШТ ЗЕРИ ҚУДУМИ МОДАРОН АСТ

МУЪМИНОБОД. Бахшида ба «Рӯзи Модар» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо  занони фаъол мулоқоту суҳбатҳо, чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ, аёдати занони собиқадор ва эҳтиёҷманд  ба роҳ монда шуда, аз ҷониби Кумитаи иҷроия ба 7 нафар шахсони эҳтиёҷманд ба маблағи  450 сомониӣ маводҳои хӯрока ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

МУЛОҚОТ БО ҶАВОНОН

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созандагони - 1” бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Валиева Саъбагул бо ҷавонон мулоқот доир карда шуд.

ЗАНОН ДАР АРАФАИ РӮЗИ МОДАР БА САФИ ҲИЗБ ПАЙВАСТАНД

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ситора” бахшида ба Рӯзи Модар маҷлис баргузор гардид.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПУШТИБОНИ ЗАН-МОДАР

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Борбад” бо иштироки занон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Борбад” Зубайдова Ҷамила иштирок ва суханронӣ намуданд.

ШОҲРОҲИ КӮЛОБ – МУЪМИНОБОД ЧАРОҒОН МЕШАВАД

КӮЛОБ. Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ бо маром рафта истодаанд.

ПАЁМ – ДАСТУРЕ БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақшаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо вобаста ба фаҳмонидани  муҳтавои Паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 26 январи соли 2021 ироа гашта буд,  дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати де

АМАЛИ БАД ПИНҲОН НАМЕМОНАД ( Ё боздошти 5 нафар аъзои ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ дар давлати Олмон)

АНДЕША. Мақомоти баланпояи  Афғонистон  вақте  дар  бораи   аз  6 то  10 ҳазор   ҷангиёни  хориҷӣ  ва  дар  сафи  онҳо  ҷой доштани  аъзои  ташкилоти    террористӣ –экстремистии  Ҳизби  наҳзати  исломро   хабар дод,   роҳбарони  фирории  ин  ҳизб, ки  дар  хориҷ  аз  кишвар  паноҳ  мебаранд,  ин  маълумотро   инкор  намуданд.

МАЪЮБОНРО ПАЙВАСТА ДАСТГИРӢ МЕКУНЕМ!

ДАНҒАРА.  Дирӯз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара баҳри дастгирии маъюбон ва ниёзмандон дар арафаи “ Рӯзи Модар” ба ду нафар маъюби гурӯҳи якум ва дуюм  кумаки молиявӣ ва туҳфаҳои идонаро тақдим намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо хабардор гардиданд.

ҒОЛИБОНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН БО СИПОСНОМАҲО ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша- чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи Модар” дар Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони “Модар яктост - Тоҷикистон якто!” миёни хонандагони ин муассисаи таълимӣ, МТМУ№1 ва МТМУ№10 бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулрухсор Мирзоева ва мудири шуъбаи бахши омор Иботов Диловар гузаронида шуд.

МОДАР ФАРИШТАИ ҲАЁТ

АНДЕША. Модар  чи калимаи зебову гӯшнавозест. Табиист, ки мо инсонҳо ҳар боре калимаи модарро ба забон меорем, симои нуронии модари хеш пеши назарамон меояд, ки рӯҳамон оромиш мегираду  беш аз ҳарвақта ёдаш мекунем. Зеро тамоми ҳастию вуҷуди мо аз ӯст ва маҳз бо туфайли ҷонкоҳии баҳисоби модар мо ба дунё омадем.

ҲИЗБИЁН ДАР ПЕШБУРДИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ПЕШСАФАНД

ВАХШ. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи ичроияи ХХДТ дар ноҳияи Вахш, ҷиҳати амалӣ гардонидани Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фидокор” бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонӣ вусъати тоза дошта, як қатор корҳои созандагиву бунёдкорӣ

ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ДОИРАИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ”

ВАХШ. Дар доираи нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар қабристони деҳаи Фидокори ҷамоати деҳоти Тоҷикобод ҳашари дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда шуд.

МОДАР ЯКТОСТ- ТОҶИКИСТОН ЯКТО!

БАЛҶУВОН.  Бахшида ба   “Рӯзи  Модар” дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №10-и ба номи Иброҳимов Ҷӯрахон дар деҳаи Сари Мазори Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев миёни хонандагони синфҳои болоӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯъи “Модар яктост-Тоҷикистон якто!” баргузор гардид.

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

Зан агар оташ  намебуд,  хом  мемондем  мо,

Норасида  бодае  дар  ҷом  мемондем  мо.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg