БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲРИ МОДАР БЕКАРОН АСТ

АНДЕША. Модар дар ҳама ҳолат пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва муваффақияти фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад, модар.
Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба қадри ин ганҷи бебаҳо расида метавонем. Гоҳ дар дунёи шавқу шӯри ҷавонӣ заврақ меронему модарро фаромўш месозем. Замоне ба худ меоем, аммо .....

Модар! Шумо сарчашмаи ҳастиед ва ҳаёти инсон аз Шумо вобаста аст. Модар вожаи зебоест, ки дар тамоми забонҳои дунё фораму дилнавоз ба гӯш мерасад. Мо ҳоҳ тифл бошем ҳоҳ калонсол ба навозиши модар эҳтиёҷ дорем. Ҳар қадре, ки муҳаббати мо ба Модар зиёд бошад, ҳамон андоза мо хушбату хушрӯзгор хоҳем буд.

Модар, Шумо воқеан ҳам муқаддасед. Вақте симоятон пеши назар меояд нуре чашму қалби моро равшан месозад ва ин нур моро ба ҳаёти дурахшони оянда умед мебахшад.

Модар аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми дунё саховатмондана нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад.

Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте, ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад, зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст. Зан-модар барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост, ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.

Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,

Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.

Бе зан чӣ бувад, зиндагиву зист дар олам,

Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.

Ҳар як нафари мо бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро хушбахт созем, то ҳастем барояш хизмат кунем. Кӯшиш кунем, ки модар аз мо розӣ бошад.

Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, мушфиқ, ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст.

Дар ҷумҳурии мо 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи модар таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз тамоми он нафароне, ки модар доранд, тӯҳфа ба даст гирифта ба аёдати модар мераванд.

Ҳар нафар кӯшиш мекунад, ки тӯҳфааш боарзиш бошад ва ба модар писанд ояд ва лаҳзае ҳам бошад, модарро хурсанду хушбахт дидан мехоҳанд. Лекин барои модар ҳеҷ аз ин туҳфаҳо арзише надоранд. Арзишмандтарин туҳфа барои модар хушбахтии фарзанд аст.

Мо як умр агар хизмати модар кунем ба якшаба ранҷе, ки ӯ барои мо кашидааст баробар намешавад. Ҳеҷ гоҳ меҳри модар нисбати фарзанд кам намегардад. Дар дунё ғайр аз модар касе то ин ҳад дӯстат намедорад. Бигзор тамоми модарони рӯйи дунё хушбахту сарбаланд бошанд.

Сайёра Ҳусейнова, мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

                                                        

                                                        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg