БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР ЯКТОСТ- ТОҶИКИСТОН ЯКТО!

БАЛҶУВОН.  Бахшида ба   “Рӯзи  Модар” дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №10-и ба номи Иброҳимов Ҷӯрахон дар деҳаи Сари Мазори Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев миёни хонандагони синфҳои болоӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯъи “Модар яктост-Тоҷикистон якто!” баргузор гардид.

Пеш аз оғози озмун мудири шуъбаи  таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Муродова Марҷона оид ба қадру манзалати  Зан- Модар ибрози андеша намуда, қайд кард, ки  ғамхории рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба зан- модар  хело беандоза  аст. Маҳз натиҷаи  хизматҳои шоёни Сарвари давлат аст, ки имрӯз занону духтарон дар тамоми ҷабҳаҳо  дар баробари  мардон кору фаъолият намуда, дар ҷомеа  нақшу мақоми онҳо баланд бардошта шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки дар бораи қадру  қиммати модарон ва васфу шукӯҳи онҳо чи қадар суханҳои баландпояро шабу рӯз, ки эҳдо намоем дар воқеъ ками дар кам аст.  Модар воқеан беҳтарин ва охирин туҳфаи осмонист. Тамоми ҳастии олам зебост, аммо модар аз тамоми ҳастии олам ва мавҷудоти дунё авлотару зеботар аст.

Ҳамчунин  ба саҳми хонандагон расонида шуд, ки ба қадри модари хеш расида, ҳурмати волидайнро ба ҷо оранд. То насибашон дуои хайри онҳо гардида, баракати дунё пайваста  ёру мададгорашон  бошад.

Баъди баррасии иншоҳои  навиштаи хонандагон  аз тарафи омӯзгорони соҳибтаҷриба   санҷиш гузаронида шуда, се ҷой: якум, дуюм ва сеюм муайян карда шуд.

Дар охир ғолибони озмун Хоҷазода  Шаҳриёр хонандаи синфи 11  ҷойи якум, Сафарзода  Рисолат хонандаи синфи 11 ҷойи дуюм ва Шарофуддинзода  Саидҷон хонандаи синфи 11 ҷойи сеюмро сазовор гардида, бо ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg