БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПУШТИБОНИ ЗАН-МОДАР

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Борбад” бо иштироки занон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Борбад” Зубайдова Ҷамила иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суҳбат Мунаввараи Бозоралӣ нахуст, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик гуфта, иброз намуд, ки Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбариашон ба нақши занон дар ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар яке аз суханрониҳояшон чунин изҳор намуданд: “Маҳз ба ҳамаи масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷомеаи устувор, ва ҳаматарафа тараққикардаро орзу намоем”.

Дар навбати худ Зубайдова Ҷамила баён дошт, ки имрӯз занони саодатманду сарбаланди тоҷик дар тамоми сохторҳои давлатӣ кору фаъолият намуда истодаанд, ки нақши занон сол аз сол дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ боризтар гашта, мавқеи онҳо дар пешбурди равандҳои иҷтимоию сиёсӣ фаъолтар гашта истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg