
ВАХШ. Дар доираи нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар қабристони деҳаи Фидокори ҷамоати деҳоти Тоҷикобод ҳашари дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда шуд.
Зимни баргузории корҳои ободонӣ наздики 600 нафар сокинони деҳаи Фидокори болову поён ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, инчунин раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Раҳимов Аслиддин ширкат доштанд.
Дар ин рӯз ҳама дастаҷаъона гирду атрофи қарбристонро аз хасу хор ва алафҳои бегона тоза намуда, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳи деҳа саҳми арзандаи худро гузоштанд.