БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ДАР АРАФАИ РӮЗИ МОДАР БА САФИ ҲИЗБ ПАЙВАСТАНД

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ситора” бахшида ба Рӯзи Модар маҷлис баргузор гардид.

Зимни маҷлис вакили Маҷлиси вакилони халқи шари Кӯлоб, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ситора” Даминзода Хатичамо иштирок ва баромад намуданд.

Зимнан, Валиева Саъбагул қайд кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки: “Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Инчунин, гуфта шуд, ки “Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд””.

Дар робита ба ин мавсуф таъкид дошт, ки мо занонро мебояд аз ин дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи беандозаи Сарвари давлат рӯҳбаланд гардида, дар ободии Ватан ва тарбияи насли наврасу ҷавон саҳми бештар гузорем. Дар фарҷоми мулоқот як қатор довталабон, ки аксарият занонро ташкил медод, ба сафи ҲХДТ қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg