
ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша- чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи Модар” дар Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони “Модар яктост - Тоҷикистон якто!” миёни хонандагони ин муассисаи таълимӣ, МТМУ№1 ва МТМУ№10 бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулрухсор Мирзоева ва мудири шуъбаи бахши омор Иботов Диловар гузаронида шуд.
Нахуст, Гулрухсор Мирзоева суханронӣ намуда, иштирокдорони озмунро ба муносибати омадани фасли зебои сол Баҳор ва иди модарон табрик намуд ва баъдан шартҳои озмунро тибқи низомнома муаррифи намуд.
Бояд қайд намоем, ки дар ҷамъбаст ғолибони озмун муайян гардид ва сазовори ҷои якум хонандаи синфи 11”А” Ёқубова Шукрона, ҷои дуюм синфи 10”А” Мирзоева Дилноза ва ҷои сеюм синфи 11”Б” Дадахонова Шабнам гардид.
Ҳамзамон, ғолибони озмун бо Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ сарфароз гардиданд.