БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИҲИШТ ЗЕРИ ҚУДУМИ МОДАРОН АСТ

МУЪМИНОБОД. Бахшида ба «Рӯзи Модар» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо  занони фаъол мулоқоту суҳбатҳо, чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ, аёдати занони собиқадор ва эҳтиёҷманд  ба роҳ монда шуда, аз ҷониби Кумитаи иҷроия ба 7 нафар шахсони эҳтиёҷманд ба маблағи  450 сомониӣ маводҳои хӯрока ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Инчунин, миёни  хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳия дар мавзӯи «Модар  яктост -Тоҷикистон яктост!» озмуни иншои беҳтарин эълон гардида,  6 нафар ғолибон бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб қадрдонӣ карда шуданд. Ҷойи якум ба хонандаи синфи 10-уми  мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳия Мадинаи Ҳайдарӣ ва хонандаи синфи 11-и МТМУ №30 Мадинаи Саъдӣ дода шуд. Ҷойи дуюм бошад, ба хонандаи синфи 10-уми МТМУ №30 Ҷаъфари  Ҷамамурод ва Макнунаи Ҷалил хонандаи  синфи 10-уми  МТМУ№2 дода шуда, ҷойи сеюм ба хонандаи  синфи 10-уми  мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳия  Латифзода Фариза  ва Шарифов Усмонҷон  хонандаи  синфи 10-уми МТМУ №30 дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg