БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

АНДЕША. Парвардигори оламиён дар як ҳадисе ривоят мекунанд, ки накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борандагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра - қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

Оре, зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте, ки симои ӯ пеши назар меояд, аз тамоми ҳастиаш  нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаёти моро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад. Ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад.

Модар зери ин панҷ харф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модар! Модарҷон! Меҳру муҳаббати самимии модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар бо як даст гавҳора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад.

Модар ҳаст, ки мо ҳастем. Кист он касе, ки суруди «алла»-и модарро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад. Модар ту чашмаи ҳаёти инсон, ҳастӣ ва ҳаёти инсон ба ту вобаста аст. Калимаи модар калимае мебошад, ки дар тамоми забони ҷаҳониён якхел оҳанги навозишкорона дорад. Синни инсон чанде, ки набошад, хоҳ 5, хоҳ 50, барои навозишу нигоҳи ӯ модар зарур аст. Ва ҳар қадаре, ки муҳаббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон аст. Модар! Бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне ҳастӣ, ки роҳи фарзандатро равшан месозӣ.

Модарам ту ягона вуҷудаму рафикам, эҳсону дастгирам дар парешонҳолию шарикам дар ғаму андуҳ, лаззатам дар ҳаёту роҳатам дар мамотам, ту табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораю суруди ҷаҳонгири саҳаргоҳам. Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба дунё овардӣ, ҳаммаслаки ситораҳо гардида, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шудӣ, бо чашмони хастаат нигаҳбонам ва  бо дили афсурдаат ҳимояам.

Модар - зан аст. Зан бошад олиҳаи ҳусну малоҳат. Адибону олимон ва бузургони дунё дар васфи зан-модар бисёр суханҳои меҳрбор гуфтаанд:

Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотар аст. Хушбахтона, имрӯз  соҳае нест, ки дар он занҳо кор накунанд ва дар ҷамъияти имрӯза занҳо дар баробари мардон истода кору меҳнат мекунанду мамлакат аз дасти онҳо гул мекунад.

Модар- ин калима барои ҳар фард, новобаста гуногунии забон, маҳбубтарин калима аст. Модар ягона шахсест, ки то лаҳзаҳои охирини ҳаёт дар фикри фарзанд аст агар зарур бошад, баҳри наҷоти фарзанд бе фикру андеша худро фидо мекунад. Модар, гавҳараки дида ва дурри гаронмоя, ки сабаби ба ҳаёт омадани мост. Аз неъматҳои зоҳириву ботинӣ, моддиву маънавӣ моро бархӯрдор ва комгор гардонидааст. Дар роҳи тарбияи фарзанд чӣ ранҷҳову заҳматҳо кашидааст. Аксари лаззатҳо ва неъматҳои дунёро ба хотири фарзанд тарк кардааст.

Камолиддинзода  Ҷомӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg