БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР ФАРИШТАИ ҲАЁТ

АНДЕША. Модар  чи калимаи зебову гӯшнавозест. Табиист, ки мо инсонҳо ҳар боре калимаи модарро ба забон меорем, симои нуронии модари хеш пеши назарамон меояд, ки рӯҳамон оромиш мегираду  беш аз ҳарвақта ёдаш мекунем. Зеро тамоми ҳастию вуҷуди мо аз ӯст ва маҳз бо туфайли ҷонкоҳии баҳисоби модар мо ба дунё омадем.

Аз шунидани калимаи муқаддаси Модар вуҷуди инсонро ҳисси фараҳмандӣ фаро мегирад. Ва ҳар инсони соҳибақл то вопасин лаҳзаҳои зиндагӣ худро мадюни ғамхориҳои Модар медонад. Воқеан, аввалин мураббӣ ва муаллими инсоният Модар аст. Зеро тифл нахуст дар батн, сипас дар оғӯши сафобахши меҳрпарвари Модар ба воя мерасад.

Аз ҳакиме пурсиданд маънои зан чист?  Ҳаким бо табассум гуфт: «Он лаҳв аз шишае аст, ки шаффоф буда ва ботинашро метавонӣ бубинӣ. Агар бо мадоро ӯро ламс кунӣ, дурахшҳояш афзун мешавад ва сурати худро мисли ин ки дар он пинҳон шуда мебинӣ, аммо агар рӯзе онро шикастӣ, ҷамъ кардани шикастаҳояш бар ту сахт мешавад ва агар аҳёно ҷамъаш кардӣ, беҳисбинӣ байни шикастаҳояш фосила мемонад ва ҳар мавқеъ даст ба марҳилаи шикастагӣ бикашӣ, дастат захмӣ мешавад. Зан инчунин аст, пас онро нашикан».

Модар!!! - қимматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи ҳаёт, сарчашмаи муҳаббати беканор, азизтарин шахси башарият аст. Ҳар як фарди рӯи олам бо шири сафеди модар, бо аллагӯиҳои модар, бо як меҳру муҳаббати беканори модар  ба воя мерасад. Агар чанде, ки мо хидмати ӯро кардаем, карда истодем ва то абад хоҳем кард, якшаба ранҷе, ки  модар баҳри мо сари гавҳора хеста моро серу ором намудааст баробар шуда наметавонад чуноне, ки онро шоир васф намудааст:

Якшаба  он  ранҷ,  ки  модар  кашид,

Бо  ду  ҷаҳонаш  натавон  баркашид.

Маҳз меҳри бепоёну навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Мо дар канори модар бо олами рангини  кӯдакӣ ба воя мерасем аз ӯ дарси одамгарию  ватандустӣ ва меҳанпарастӣ меомӯзем. Канори модар худ мактаби аввлини ҳаёти мост. Модар мехоҳад, ки тифлаш бенуқс ва беолоиш сабзида ба воя бирасаду мададгори давраи пириаш бигардад. Модаронро гиромӣ бояд дошт! Зеро агар ӯ набуд, ту набудӣ. Ӯ бо ҳама вуҷудаш аз ту нигоҳдорӣ мекунад. Боке надорад, ки худ гурусна бошад ва туро сер кунад, худ бараҳна бошад  ва туро бипӯшонад, худ дар офтоб бошад, туро дар соя нигоҳ дорад. Тӯ натвонӣ сипоси ӯро ба ҷой оварӣ.

Танҳо Худо аст, ки тавоноии сипосашро дорад! Аз ин лиҳоз ризогии Худои таъоло дар ризо доштани падару модар аст.

Барои падару модар дар дунё аз вуҷуди фарзанд дида хурсандии бузурге нест. Зеро, ки бо сабаби вуҷуди фарзанд дар оянда наслҳои мо боқӣ  мемонанд.

Ҳар як падару модар бо умеди он фарзандони худро тарбия намуда ба воя мерасонанд, ки шояд рӯзе Худованд  ба онҳо давлати пирӣ  ато бигардонад ва фарзандони онҳо хизмати эшонро ба ҷо оварда, ба дуои онҳо сазовор бигарданд.

Оре,  Модар монанди Замин танҳо ва яктост! Инсон бояд баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар, қиммати ӯро боз хубтару бештар дарк намояд. Зеро мисли канори модар- биҳиштосо макони дигаре нест.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати давлат дастгирӣ намуда,  қайд карданд, ки «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Мо медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем». Кӯшиш намоем то ризоии падару модарро ба даст биёрем. Дар китобҳои диниву мазҳабии мо низ мавзӯи эҳтироми модар мақоми муҳим дорад.

Зиҳӣ  Модар - бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам пешат сар фуруд меоранд. Байти зебои шоири зиндаёд Лоиқ чароғи равшани олами гуфтори мост:

Аз  сарвату  зи  шуҳрат  гар  ба  фалак  занам  сар,

                                 Таъзим  мекунам  боз  дар  пеши  пои  Модар.

Аз ин рӯ моро мебояд, ки қадру қиммати модар, меҳру муҳаббати модарро боз хубтару беҳтар қадр намоем, иззату ҳурмати ононро ба ҷо оварда ба насли наврас, ҷавонон биомӯзонем то оянда низ мо соҳиби иззату эҳтироми онон бигардем.

Модар, оҳ модар чи сон дӯстат медорам! Дар ҳақ, ту яктои, ту фариштаи ҳаёт ва гавҳари ноёбӣ!. 

Идатон  муборак,  Модарон  ва  занони  соҳибҷашн!

Саидов  Муҳаммадҷон, мудири ташхисгоҳи беморхонаи №5-и ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg