БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

29 Март 2021

КОРҲОИ НЕК БА ХОТИРИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ҶАЙҲУН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Сомонӣ”-и ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки васеи сокинон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

 

РОҲНАМО- РОҲНАМОЕСТ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Ш.ШО

МАҚСАД : МЕҲВАРИ ПАЁМ ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН ВА АФЗОИШ ДОДАНИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР КИШВАР АСТ

Н.ХУСРАВ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  мақсади  ба  сокинон  фаҳмонидани муҳтавои  Паёми  имсолаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро мунтазам   ба  роҳ  монда  истодаанд.

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ БО РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ХУРОСОН. Дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор бо раисони  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои ҷамоати деҳоти мазкур гузаронида шуд.

НАВРӮЗРО ДАР ШАҲРАКИ ХОВАЛИНГ БО ТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

ХОВАЛИНГ. Ҷашни Наврӯзро падару модарон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 - и ноҳия бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намуданд. Хонандагону омӯзгорони муассиса барои  ҷой додани ҳамаи оинҳои ин ҷашни мардумӣ дар чорабинии баргузорнамудаашон  кӯшиши зиёд карданд.

САРҲАДБОНОН ДАР МАДДИ НАЗАРИ ҲХДТ

ФАРХОР. Бахшида ба иди байналмилалии Нарӯзи аҷам аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии деҳаи Муҳоҷирободи деҳоти Дарқад ҷиҳати оростани дастурхони идона маводи ғизоӣ кумак расонида шуд.

«ТОҶИКИСТОН МАТБУОТИ ОЗОД ДОРАД Ё НЕ?!»

АНДЕША. Ҳамасола дар кишварамон санаи 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардида, аз мақому манзалати сухану санъати журналистика ва расонидани хабару гузоришҳои воқеъбинона доираҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори андеша менамоянд.

НАВРӮЗ – ҶАШНИ ТАҶАССУМГАРИ НЕКИВУ НАКӮКОРӢ

АНДЕША. Дар ҳақиқат Наврӯз асрҳои дароз бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон ҷилва мебахшад, ҷашни ҷаҳону ҷавонию шодмонист, ҷашни замину офтоб аст, шӯр заданҳову ҷӯши шукуфтанҳо, саршор аз нури шукӯҳи оғоз аст. Иди Наврӯз дар таърих ва фарҳанги мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мақоми махсус дорад. Якчанд арзишҳои фарҳангии ниёгони мо тавассути китоби «Авасто» то ба имрӯз ба мо боқӣ мондааст.

ОҒӮШ ПУР АЗ ЁСУМАН, ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН...

АНДЕША. Наврӯз аз зумраи идҳое мебошад, ки  қадимтарин буда,  онро мардуми тоҷик дар қатори дигар халқу миллатҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд. Наврӯзро соли нави мардуми ориётабор маънидод  намуда, он ҳар сол 21-уми март бо муҳаббату самимият пешвоз гирифта мешавад. Чуноне ки аз номи он бармеояд, Наврӯз маънии “рӯзи нав”-ро дошта, дар ибтидои соли нави хуршедӣ таҷлил мегардад.

СОЛИМИИ ҲАР ЯКИ МО АЗ МУҲИТИ ЗИСТИ МО ВОБАСТА АСТ!

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани кӯчаю гулгаштҳои маркази шаҳрак, ҳамзамон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани Наврўзи байналмилалӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сулҳ» бо ҷалби ҷавонон корҳои ободонӣ  ташкил ва гузарон

ФАЗИЛАТҲОИ ИНСОНГАРОИИ НАВРӮЗ

АНДЕША. Наврӯз  миёни мардуми Тоҷикистон аз маҳбубияти том бархӯрдор аст, зеро он қадимтарин ва бузургтарин, азизтарин, маъруфтарину машҳуртарин ҷашни мардумӣ маҳсуб мегардад. Наврӯз ҳамчунон азизу мӯътабар аст, ки ҳангоме «баҳор» бигӯем, Наврӯзро дар назар дорем.

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО СОХТОРҲОИ ҲИЗБӢ

МУЪМИНОБОД. Дар Қасри фарҳангӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод  бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ семинари омӯзишӣ бо раисон ва котибони масъули ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ОЗОДОНАИ ВАО ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИРО ФАРОҲАМ ОВАРДААСТ

ВОКУНИШ. Ҳамаи мо хуб медонем, ки матбуот дар ҳама давру замон дар ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳиму арзанда дорад.

НАВРӮЗ ҶАШНИ НИЁГОН АСТ

АНДЕША. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам гардид, ки мо ҳама ҷашну маросимҳои миллӣ ва анъанаҳои гузаштаи худро дубора эҳё намоем. Вобаста ба таҷлили ҷашнҳо ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани онҳо мо имкониятҳои васеъ дорем. Насли имрӯза муваззафанд, ки гузаштаи худро донанду меъроси таърихии хешро ҳимоя созанд.

НАВРӮЗ КУҲАНТАРИН ОИНИ МИЛЛӢ

АНДЕША. Наврӯз яке  аз куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, дар луғатҳо ба маънои «рӯзи нав» ва «тоза», «рӯзи нахустин», аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.

ДӮСТРӮЯКОНИ МО АЗ НАВРӮЗӢ ИСТИҚБОЛ ГИРИФТАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри Левакант бо иштироки васеи кӯдакон ҷашни Наврӯзи оламафрӯз таҷлил карда шуд.

КӮМАК БА ЯТИМОН АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ

КӮЛОБ. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ ҷиҳати мусоидат баҳри таъмини кафолати иҷтимоии давлатӣ ба маъюбону ятимон ва бепарасторон ҷиҳати беҳтар намудани зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити хуб барои онҳо бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ ва вакилони ҳизбӣ корҳои хайру сахо амалӣ гардиданд.

ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБӢ БО ШУКӮҲУ ШАҲОМАТИ ХОСА ҶАШНИ НАВРӮЗРО ИСТИҚБОЛ ГИРИФТАНД

КӮЛОБ. Вобаста ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр ин ҷашни таърихӣ Наврӯз ботантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта шуд.

ҶАШНИ НАВРӮЗ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН БОТАНТАНА ИСТИҚБОЛ ГИРИФТА ШУД

КӮЛОБ. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оид ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии фарҳангӣ - сиёсӣ баргузор карда шуд.

МАҲАЛАМОНРО ҲАМА ЯКҶОЯ БА ЯКЕ АЗ МАҲАЛҲОИ ПЕШРАФТАВУ ОБОД МУБАДДАЛ МЕНАМОЕМ

ВОСЕЪ. Дар ноҳияи Восеъ корҳои ободониву созандагӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани идҳои миллӣ бо маром идома доранд.

НАФАСИ ТОЗАИ НАВРӮЗ МУБОРАК БОШАД!

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша –чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Восеъ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ҷалби волонтёрон дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳия аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!” гузаронида шуд.

ДАР ОБОДИИ ДИЁР БО ДИЛУ ҶОН САҲМ МЕГУЗОРЕМ

ВОСЕЪ. Бо мақсади саҳм гузоштан дар ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ ва кормандони ташкилоти ибтидоии “Хизматрасонии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Восеъ дар назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия шанбегӣ гузаронида шуд.

ПАЁМ ДАСТУРЕСТ БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобхонаи марказӣ”-и ноҳия вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.

ЧОРАБИНИИ НАВРӮЗӢ ДАР ДЕҲАИ ПАНҶСОЛА

Ҷ.БАЛХӢ. Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврзз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон маъруф мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардум тоҷик буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад.

НАВРӮЗ-СОЛИ НАВИ ТОҶИКОН

Иди Наврӯзи Аҷам, иди ҷаҳонӣ мешавад,

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg