АНДЕША. Наврӯз яке аз куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, дар луғатҳо ба маънои «рӯзи нав» ва «тоза», «рӯзи нахустин», аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Тибқи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардиняшт, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд. Бояд гуфт, Наврӯз таърихи беш аз панҷҳазорсола дошта, дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму ойине нест, ки чун ҷашни фархундаи Наврӯз арҷманд ва куҳантар бошад. Наврӯз насли имрӯзро бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъанаҳои ниёгон мепайвандад.
Дар замонҳои қадим аз Наврӯз 13 рӯз ҷашн мегирифтанд. Дар анҷоми таҷлил мардум ба саҳро баромада, аз Соли ҷадид истиқбол мекарданд. Ин як рамзест одамон ба ин ақида буданд, ки нафари ба саҳро баромада ва аз табиат роҳат медидаро дар тӯли сол хушбахтию фаровонӣ интизор аст. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён шаш рӯз тӯл мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи Фарвардин гиромидошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт.
Аз соли 2010 инҷониб Наврӯз бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар ин иқдом саҳми Тоҷикистон зиёд аст. Тоҷикистон ҳақ дорад, ки соли Нави худро аз Наврӯз оғоз кунад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳар иде аз ҷумла иди Наврӯз дар Тоҷикистон бо рӯҳи сиёсӣ доир карда мешавад. Дар Тоҷикистон аз Наврӯз ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн мегиранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таърихӣ доштанд, ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабони минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа ӯзекҳо, қирғизҳо, қазоқҳo ва туркменҳо низ дар натиҷаи робитаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофӣ густариш ёфтаааст. Маврид ба зикр аст, ки аз ҳама зиёд бо шукӯҳу шаҳомати хос Наврӯзи хуҷастаро дар Ҷумҳурии худамон-Тоҷикистони азиз ҷашн гирифта, тамоми оинҳое, ки дар гузашта мардуми ориёӣ доштанд,тоҷикон дар ҷашни Наврӯз ба ҷо меоранд ва ҳамаи он бозиҳое, ки хоси ин фасл аст, ҷавонон бо муҳаббати махсус анҷом медиҳанд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон рамзҳои махсус барои иди Наврӯз тасдиқ гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Певои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва соли нави миллиро барои солҳои 2019-2021 тасдиқ намуданд. Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборатанд, ки мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш ёфта, дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак, гули наврузӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст. Аз байни рамзҳои наврӯзӣ (гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаи асотирии симурғ ва парасту) суманак ва гули наврӯзӣ-ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, соли нави миллӣ ва муждаи омад-омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид. Аз соли 2019 инҷониб суманак ва гули наврузӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои пешвоз гиирифтани Наврӯзи байналмилалӣ истифода мешаванд.
Абдулҳаев Маҳмасаид, раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ