БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«ТОҶИКИСТОН МАТБУОТИ ОЗОД ДОРАД Ё НЕ?!»

АНДЕША. Ҳамасола дар кишварамон санаи 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардида, аз мақому манзалати сухану санъати журналистика ва расонидани хабару гузоришҳои воқеъбинона доираҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори андеша менамоянд. Воқеан, ҳадафу мақсади ниҳоии матбуоти озоду давлатӣ ин интишори маълумоту гузоришҳои воқеӣ аз пешрафту мушкилоти ҷомеа маҳсуб меёбад ва матбуот тибқи назари таҳлилгарон дар тамоми сайёра ба ҳайси ҳокимияти чаҳорум пазируфта шудааст. Матбуотчиён  ё  журналистони касбӣ низ муваззафанд, ки дар ростои ҳифзу тарғиби арзишҳои миллию давлатӣ то ҷое ҳиссагузор бошанд.

Тамошои муколаммаи Радиои Озодӣ таҳти унвони Гапи Озод «Тоҷикистон матбуоти озод дорад ё не?!» бо иштироки сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов ва собиқ сармуҳаррири ҳафтаномаи «Нигоҳ» Фаридуни Раҳнавардро тамошо намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки баёни андеша ва фазои иттилоотӣ бобати мунташири назару андешаҳо дар матбуоти даврии мо куллан озод аст. Агар матбуоту баёни андеша озод намебуд чунин муколамаи бидуни парда ва тамошои сар то сарии он тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳеҷ ваҷҳ доир намешуд. Гарчанде тарафи муқобил камтаъсирии матбуоти озодро дар «нақзи ҷомеаи шаҳрвандӣ» маънидод мекунад, вале ба андешаи банда василаи камтаъсирии матбуоти озод хосатан дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла кишвари мо ба раванди ҷаҳонишавӣ ва дастрасии мардум ба иттилооти фаврӣ тавассути истифодаи шабакаи интернет вобастагии зич дорад. Яъне, аҳолӣ маълумотҳои барои онҳо лозимиро  аз саҳифаҳои иҷтимоию сомонаҳои интернетӣ дастрас менамоянд ва ин омил хоҳу нохоҳ назари мардумро ба истифодаи матбуот ба маротиб поён мебарад.

Андешаи он ки «матбуоти тоҷик озод нест»  куллан ғалат буда, имрӯз дар кишвар шумораи зиёди нашрияҳои озод, ба монанди «Пайк», «Фараж», «Оила» ва ғайраҳо фаъолияти густурда доранд. Дар ин росто, ҷомеаи бозоргони низ ба фаъолияти нашрияву матбуоти озод таъсиргузор аст. Шаҳрванд молеро аз бозор харидорӣ менамояд, ки ба табъу завқи ӯ созгор аст.

Аз фаъолият бозмондани ҳафтаномаи «Нигоҳ», ки собиқ сардабираш Фаридуни Раҳнавард дар ин муколамма ёдрас мешавад, шояд ба ҳамин омилҳо бастагӣ дошта бошад. Ин ҷо ягон ғарази сиёсию якдигарбадбинӣ ё як нашрияву матбуотро аз якдигар боло гузоштан вуҷуд надорад. Чун нашрияву ҳафтанома озод созмон дода шуд, мебоист маълумоту гузоришҳо вобаста ба завқу дарки мардум ва талаботи иқтисоди бозорӣ пешкаши хонанда мегашт. Вақте, ки ин талабот ба мадди назар гирифта нашуд, албатта мушкилоти молӣ пеш меояд.

Журналистика ва мавқеи журналистӣ бояд дар доираи тарғиб ва ҳифозати манфиатҳои миллӣ роҳандозӣ карда шавад. Аз доираи одоби рӯзноманигорӣ баромадану тарғиби  ғояҳои ба манфиати миллату давлат  хатарнок аз назари фарҳанги миллию  қонунгузории амалкунанда  қобили қабул нест. Расонаӣ кардани қазияи рӯзноманигор-Далер Шарифов, ки гӯё бар асари андешаи озод равонаи зиндон шудааст, комилан ғалат буда, айбдоршаванда ба гуноҳу хатои худ иқрор аст. Натанҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми давлатҳои дунё бобати ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ сохторҳои марбута масъулияти ҷиддӣ доранд. Вақте қонун нақз шуд, гунаҳгор бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Ё чизи дигар, азТоҷикистон ба дигар давлатҳо барои буду бош рафтани сокинон ин як амали табиию муқаррарист. Имрӯз агар шаҳрванд шароиту имконият дорад, метавонад бе ягон мушкилӣ рафта дар кишвари хориҷ  барои худ мақбул кору зиндагӣ кунад.

Назаре дар мавриди интиқод...

Воқеан, ҷомеа дар натиҷаи озодандешию чандандешӣ рушд мекунад ва мизони баёни афкор бояд ба андозае бошад, ки баробар ба одоби касбияти рӯзноманигорӣ. Андешаи аз ин берун ва тарғиби афкори носозгору яктарафа, ғаразноку зараровар ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ин аллакай берун аз қолаби қонунгузорӣ ва одоби рӯзноманигорист. Журналист  ва журналистикаи тоҷик бояд аз ғаразҳою манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ орӣ бошад. Чун журналист аз ин сарҳад убур кард қазия сиёсию ғайриқонунӣ мешавад. Бубинед, имрӯз Аҳмад Иброҳим-сардабири ҳафтаномаи «Пайк» чи матобили ҷолибу хонданбобро аз ҳаёти сиёсию фарҳангии кишвар, ҳатто аз фаъолияти мансабдорони давлатӣ дар саҳифаҳои ҳафтанома мунташир месозад. Журналистикаи тоҷик бояд дар доираи ҳифзу таблиғи арзишҳои умумимиллӣ рушд кунад. Интиқод низ бояд холисонаю воқеъбинона бошад. Дар доираи ғаразҳои шахсию гурӯҳӣ интишори матолиб, албатта, ки обрӯю нуфузи матбуоту рӯзноманигорро дар ҷомеа мекоҳонад. Ба ақидаи дигар, интиқод низ сарҳад дорад ва бояд онро ҳифз кард.

Андешаи «Тоҷикистон матбуоти озод дорад ё не!» афкори ботил буда, имрӯз дар кишвари мо тамоми заминаҳои рушди журналистикаи касбӣ ва матбуоти озод мавҷуд аст ва истифодаи мунсифонаи афкору андешаи сокинон ва мунташири онҳо дар матбуот вазифаи муқаддаси ҳар як рӯзноманигор хоҳад буд.

Толибҷон Назарзода, раиси КИ ХХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg