БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ НЕК БА ХОТИРИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ҶАЙҲУН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Сомонӣ”-и ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки васеи сокинон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

 

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар назди сокинон ва фаъолони ҳизб  оид ба ҳадафҳои пайгиронаи ҲХДТ дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои муайянгардидаи солҳои 2019-2021 эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва саҳм гузоштан дар истиқболу таҷлили сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки вазифаи ҳар як фарди ватандӯст саҳм гузоштанд барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон мебошад.

Дар қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва «Якҷоя месозем!» бошад, бо иштироки сокинон роҳи кӯчаҳои дохили деҳа сангфарш карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg