БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ – ҶАШНИ ТАҶАССУМГАРИ НЕКИВУ НАКӮКОРӢ

АНДЕША. Дар ҳақиқат Наврӯз асрҳои дароз бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон ҷилва мебахшад, ҷашни ҷаҳону ҷавонию шодмонист, ҷашни замину офтоб аст, шӯр заданҳову ҷӯши шукуфтанҳо, саршор аз нури шукӯҳи оғоз аст. Иди Наврӯз дар таърих ва фарҳанги мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мақоми махсус дорад. Якчанд арзишҳои фарҳангии ниёгони мо тавассути китоби «Авасто» то ба имрӯз ба мо боқӣ мондааст. Бахусус, арабҳо  баъди забт намудани давлати Форс барои нест кардан ё аз байн бурдани иди Наврӯз кӯшишҳо намуда бошанд ҳам, аммо мардуми ориёинажод, аз ҷумла  тоҷикон расму оини миллати хешро аз даст надоданд.

Дар фалсафаи мо «Наврӯз» рӯзи ба камол расидан ва офариниш дар сар ниҳода шудани тоҷи инсон аст, ки ба ин маънӣ таъбир мешавад. Баъзе аз донишмандони исломӣ ин назарияро дар осорашон идома додаанд ва рӯзи хилқати Одам (алайхиссалом)-ро ҳамин рӯзи Наврӯз донистаанд. Аз ин рӯ, Наврӯз аз тамоми оинҳои бостонӣ ҷадид ва мардумитарин ҷашнест, ки  дар байни халқ боқӣ мондааст.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид дар Ассамблеяи генералии худ қарор қабул намуд, ки Наврӯзи Аҷам ҳамчун чашни байналмилалӣ эътироф шуда, ҷиҳати таҷлили шоистаи он  тадбирҳо амалӣ мегарданд. Ин тасмим аз он шаҳодат медиҳад, ки дар катори дигар арзишҳои муқаддаси миллии мо Наврӯзи фархунда, ки аз замонҳои шоҳ Ҷамшед сарчашма мегирад, ба хазинаи бою ғании тамаддуни ҷаҳонӣ ворид гардида, обрӯи Ватани азизамон - Тоҷикистонро  дар ақсои олам  баланд бардошт.

Дар охир бояд қайд кард, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик буда, он зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад. Наврӯз таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ки имрӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст.  Таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар баҳори истиқлолияти милливу давлатиамон бешак, омили сулҳу субот, ваҳдату якдилии миллати хирадпешаву тамаддунофари тоҷик бо мардумони кулли сайёра ҳамчун ҷашни байналмилалӣ гардида, азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистонро дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ инъикос менамояд.

Таварзода Азизҷон,  роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg