БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЗИЛАТҲОИ ИНСОНГАРОИИ НАВРӮЗ

АНДЕША. Наврӯз  миёни мардуми Тоҷикистон аз маҳбубияти том бархӯрдор аст, зеро он қадимтарин ва бузургтарин, азизтарин, маъруфтарину машҳуртарин ҷашни мардумӣ маҳсуб мегардад. Наврӯз ҳамчунон азизу мӯътабар аст, ки ҳангоме «баҳор» бигӯем, Наврӯзро дар назар дорем.

Наврӯз оғози баҳор мебошад, зеро барои мардуми мо даромади соли нав овони сохтани тарҳҳои тоза дар соли навин, айёми орзуҳои неку андешаҳои созанда маҳсуб мегардад. Наврӯз ба мардум дар зиндагӣ рӯҳу илҳоми тоза мебахшад, ноумедию рӯҳафтодагиро аз дилҳо мебарад ва инсонро ба зиндагӣ дилгарм месозад.

Беҳтарин фазилати Наврӯз одамгароист. Ин ки дар арафаи Наврӯз  мардум аввал хонаро метаконад, пасон ҳавлӣ, боғу роғро поку тамиз мекунанд, ҳама медонанд. Дар Наврӯз то арафаи ид аз ниҳоду сиришт, аз дили худ дур андохтани кину адоват ва тамоми хислатҳои бад шарти асосист.  Барои ҳамин инсонгароӣ хубтарин фазилати Наврӯз аст, яъне дар баробари такидану тоза намудани хона пок сохтани дили худ - хонаи қалб аз кулли хисоли бад заруртарин кор ва муҳимтарин вазифаи одам дар истиқболи ин Иди Бузург аст! Пас набояд мо ин вазифаи худро аз ёд бибарем. Вақте инсон ба остонаи Наврӯз қадам мениҳад , қалбаш мисоли ойина пок бошад ва дигар нагузорад, ки ғуборе ба он биншинад.

Дигар фазилати Наврӯз хушгуфторист:

          Аз хушсуханӣ дили касе реш нашуд,                                                                                   

          Бо хушсуханон касе бадандеш нашуд.

Сухани дурушту қабеҳ, гуфтори нохуш дар айёми Наврӯз ҷоиз нест. Аз ин ҷо Наврӯз пеши мо шарт мегузорад, ки бо даромади соли нав барои ҳамеша аз дуруштгӯӣ парҳез намоем. Наврӯз намегузорад, ки ҳатто андешаи баде дар сар дошта бошем. Фазилати Наврӯз ин аст, ки аз гуфтори бад, кирдори бад, пиндори бад абадан даст кашем, зеро аксари бадбахтиҳои инсон аз ҳамин хислатҳои манфӣ рӯ мезананд. Маҳз ба ин хотир риояи ин шарти Наврӯз бисёр зарур ва ҳатто ҳатмист! Яъне, Наврӯз барои одам, ба хотири хушбахтии одам ин шартро пеш овардааст, ҳар қадар инсон дар ботлоқи гуфтору пиндору гуфтори бад фурӯ равад, ба он андоза бадбахт мешаваду раҳгум мезанад.

Аз фазилатҳои беҳтарини Наврӯз сулҳу оштӣ кардан миёни одамон ногап аст. Оштӣ набояд саризабонӣ ва як навъ расмӣ, балки сидқӣ бошад, яъне аз гуноҳи ҳамдигар даргузаштан ва айби якдигарро сидқан бахшидан фазилати бузурги Наврӯз аст.

Ҳасанова Нигора, муовини раис -мудири шуъбаи ташкилӣ  ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg