АНДЕША. Наврӯз аз зумраи идҳое мебошад, ки қадимтарин буда, онро мардуми тоҷик дар қатори дигар халқу миллатҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд. Наврӯзро соли нави мардуми ориётабор маънидод намуда, он ҳар сол 21-уми март бо муҳаббату самимият пешвоз гирифта мешавад. Чуноне ки аз номи он бармеояд, Наврӯз маънии “рӯзи нав”-ро дошта, дар ибтидои соли нави хуршедӣ таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанину зиндашавии табиат, оғози кишту кор ва айёми баробаршавии шабу рӯз аст.
Барои мо тоҷикон хурсандиовар аст, ки ҷашни Наврӯз аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардида, ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ин иди ниёгонӣ дорои хусусияту фарҳанги махсус буда, дар ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ бо оростани оинҳои идонаи наврӯзӣ онро бо рӯҳияи тозаву фараҳмандӣ истиқбол мегиранд.
Наврӯз иди ҷавонӣ ва талош барои зиндагии наву шоиста аст. Наврӯз айёми дурӣ ҷустан аз кинаву ҳасад, кудурату душманист. Наврӯз рамзи ваҳдати инсонияти асил аст. Нарӯз – айёме, ки пиру барно бо ҳам меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд ва аз гузаштагон ёд менамоянду пайвандии худро бо табиат баён месозанд.
Вақте ки ҷашни Наврӯз фаро мерасад, суннатҳои милливу бостонии мо, ки дар вуҷудамон нуҳуфтааст, аз нав эҳё мегардад. Ин як эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллат ва ба забону ҳастии миллат аст. Ин ҷашне, мебошад, ки таъриху зиндагӣ ва фарҳанги моро ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ